Дар Хуҷанд машқи мукаммал оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир гардид
ХУҶАНД, 20.04.2019. /АМИТ Ховар/. 19 апрел дар маркази Суғд- дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, инчунин муайян намудани омодабошӣ ва маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор бо эълони «Бонги хатар» машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир гардид.
Чуноне ба АМИТ «Ховар» масъули дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзод иттилоъ дод, раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баъди гузориши сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр бо вазъи омодагии иштирокдорони машқ ва техникаи сафарбаршуда шинос шуда, доир ба оғози машқ ба муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.
Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи баргузории чорабинӣ- маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ҳаракат намуданд. Дар маҳаллаи мазкур, дар бинои таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон фаъолияти худро дар сурати ба амал омадани заминларзаи 6-7- балла ба маъраз гузоштанд. Ҳамзамон сохторҳои гуногуни ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳрӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза нишон дода шуд.
Баъдан, иштирокдорони машқи мукаммал аз хаймаҳои наҷотдиҳӣ, ки дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буданд, дидан намуданд. Дар комбинати шири шаҳри Хуҷанд низ доир ба бартараф намудани сӯхтори баамаломада, наҷотбахшии зарардидагон аз моддаҳои кимиёвӣ, дастгир намудани ҷинояткорон амалиёт намоиш дода шуданд.
Дар анҷоми машқи мукаммали зернизомӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд баён дошт, ки баргузории чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии шуморида шуда, машқи имрӯза тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки машқҳои мукаммал дар се марҳила, яъне марҳилаи аввал- хабардоркунӣ, дуюм ташкили корҳои пешгирӣ ва марҳилаи сеюм ташкили кор оид ба барқарорсозии иншооти зарардида ва бартарафкунӣ гузаронида шуда, дар машқ зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҷараёни тахлияи аҳолиро дар ҳолати фавқулода нишон доданд. Илова бар ин, иншооти мудофиаи гражданӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр низомҳои огоҳсозии пешакӣ дар ҳолати фавқулода ё таҳдиди он низ санҷида шуданд.
Дар интиҳо ба чанд нафар фаъолони машқ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






