Дар масири таърих рақс чун қувваи муттаҳидкунандаи миллатҳо шинохта шудааст. 29 апрел- Рӯзи байналмилалии рақс
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад. Ин рӯз ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз муттаҳидсозии ҳама гуна навъҳои санъати рақсӣ ва ба ҳам овардани ҳама мардуми сайёра зери як ливо ба хотири пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон ва ба онҳо додани имкони сухан кардан бо забони рақс мебошад. Вобаста ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» шарҳе омода намудааст, ки пешниҳоди хонандагон менамоем.
Рақс дар олами санъат яке аз офаридаҳои олии инсонӣ дониста мешавад. Санъати рақс таҷассумгари чеҳра ва таърихи миллат, расму русум ва дигар оинҳои мардумист. Он дар тўли қарнҳо аз ҷониби санъатварон ҳифз шуда, аз насл ба насл гузаштаву то ба имрўз омада расидааст.
Дар мусаввара ва сангнавиштаҳои қадима мебинем, ки он ҳанўз аз давраҳои хеле куҳан пайдо шудааст.
Санъати рақс дар таърихи тамаддуни ҳар халқу кишвар мақоми арзанда дорад. Маҳз тавассути рақс новобаста аз тафовутҳои забонӣ, ирқӣ ва фарҳангӣ инсонҳо дар ҳама давру замон орзуву омол ва розу ниёзҳои худро ба забон меоранд. Бе шакку шубҳа, дар масири таърих рақс чун қувваи муттаҳидкунандаи воқеии халқу миллатҳои сайёра боқӣ мондаву шинохта шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақсии тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони дохилу хориҷи кишвар роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст.
Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони санъати касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ дар рушди санъати рақс беназир мебошад. Зебо Аминзода ба рақси миллии тоҷик таҳаввулоти тоза ворид сохт, ки имрўз даҳҳо шогирдони ӯ идомадиҳандаи кори ӯ мебошанд.
Яке аз хизматҳои ӯ дар ин ҷода- таъсиси Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» мебошад. Ҳамон «Зебо»-е, ки ҳанӯзам бо шунидани суруди шодравон Тоҷиддин Муҳиддин “Эй санам” пеши назари пиру барно ин рақси машҳур падидор мегардад. То ба ҳол гулдухтарони тоҷик ба савти рақсии ин ансамбл тақлид мекунанд.
Бояд гуфт, ки ансамбли мазкур соли 1978 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Барои ташкил намудани ансамбл собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радио Ғоиб Қаландаров Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Аминзодаро даъват намуд.
Барномаи аввалини ансамбл, ки аз 13 рақс иборат буд, ба воситаи оинаи нилгун ба тамошобинон пешкаш шуд. Пас аз намоиши барномаи нахустин ба тамошобинон муроҷиат намуданд, ки ба ин ансамбли рақсии навтаъсис ном гузоранд. Аксарият тавассути мактубҳо пешниҳод доштанд, ки барои рақсҳои мавзуну зебо, мусиқии зебо, духтарони зебо ва роҳбари ансамбл ҳам, ки Зебо ном дорад, номи ансамбл «Зебо» гузошта шавад.
Ансамбли «Зебо» дар як муддати кўтоҳ дар ҷумхурӣ ва берун аз он обрӯю эътибори хеле калон пайдо кард. Репертуари ансамблро раксҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, афғонӣ, озарӣ, уйғурӣ, арабӣ, испанӣ, бирманӣ, ҳиндугӣ ва дигар мардумони Шарқу Ғарб дар бар мегирифтанд.
Ансамбли «Зебо» солҳои 1978-1993 рақсҳои зерин: «Рақси зебо», «Эй санам», «Бибисанам», «Каҷаке», «Сабзинаранг», «То боди сабо», «Нағмаи ораз», «Турки шерозӣ», «Суруди некӣ», «Сарви хиромон», «Чак-чаки борон», «Уфари уззол», «Чоргоҳ», «Русские узоры», «Лесная сказка», «Дар чаман», «Базморо», «Занг бизан», «Майда-майда мерақсӣ», рақси афғонии «Атан», рақси испании «Фламенко», рақси ҳиндии классикӣ ва ғайраҳоро рўи саҳнаи касбӣ оварда, тавассути телевизион ба тамошобинони сершумори ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он намоиш дод.
Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар ҳама чорабиниҳои ҳукуматӣ иштирок дошта, дар сафарҳои ҳунарӣ дар бисёр мамлакатҳои дигар обрўи эътибори санъати рақсии тоҷикро баланд мебардошт. Аз ҷумла, сафарҳои ҳунарии ансамбли «Зебо» ба давлатҳои Тунис, Афғонистон, Япония, Туркманистон, Испания, Ҳиндустон ва Белгия сурат гирифта, ҳунари волои рақсии тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.
Ансамбли рақсии «Зебо» соли 1982 Лауреати Комсомоли Ленинии умумииттифоқ гардида, соли 1985 дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар шаҳри Москва иштирок намуда, Лауреати Фестивал гардид.
Бо қарори коллегияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Дастаҳои ҳунарӣ» номи «Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои иэҷодию консертӣ»-ро гирифта, дар ин давра Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи гурўҳҳои рақсӣ беҳтарин ансамбл дар ҷумҳурӣ дониста шуд. Соли 2002 ансамбли мазкур дар Фестивали байналмилалии «Баҳори апрел» дар шаҳри Пхеняни Ҷумҳурии Корея бо муваффақият ҳунарнамоӣ намуда, сазовори «Ҷоми тилло»-и ин ҷашнвора гардид.
Соли 2003 дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ганновери Ҷумҳурии Федералии Германия ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шуд. Соли 2004 ҳайати ансамбл ба Япония сафари ҳунарӣ намуда, дар 23 шаҳри ин мамлакат санъати хореографияи касбии тоҷикро муаррифӣ намуд. Соли 2005 гулдухтарони ансамбли раксии «Зебо» аз 5 то 16 октябр дар Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО- шаҳри Парижи Франсия бо муваффақият ҳунарнамоӣ намуданд.
Соли 2005 Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» барои хизматҳои шоён бо «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2014 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз сари нав эҳё намудани Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» Артисткаи халқии СССР Зебо Аминзода ба ҳайси роҳбари бадеии ансамбл даъват гардид. Мавсуф дар як муддати кўтоҳ тавонист ансамблро аз нав эҳё намояд. Ба ҳайати он талабагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе дар асоси озмун қабул шуданд. Баъд аз ду моҳи фаъолият Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар барномаи консертӣ бахшида ба баргузории ҷаласаи шўрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати 40 нафар бо панҷ барномаи рақсӣ баромад намуд.
Муаррифии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» 21 майи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» бо роҳбарии Артисткаи халқии СССР Зебо Аминзода дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ ва сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷи кишвар фаъолона ва дар сатҳи баланди эҷодӣ иштирок менамояд.
Соли 2016 дар Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ансамбл бо барномаи хеле ҷолиб дар назди тамошобинони ин кишвар ҳунарнамоӣ намуд.
Соли 2017 баъд аз 20 сол Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардиданд. Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» бо 3 барномаи рангоранг хотири тамошобинони Ӯзбекистонро болида гардонид.
Соли 2018 Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар ду барномаи консертии «Шоми дўстӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон баромад карда, дар муаррифии санъати хореографияи миллии тоҷик саҳми босазо гузошт.
Имрӯзҳо ҳайати ҳунарии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» таҳти роҳбарии Зебо Аминзода кўшиш доранд, ки дар рушду нумўи рақси миллӣ ва ташвиқу тарғиби санъати касбии тоҷик дар фестивалҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ саҳми назаррас гузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»