Дар Москва ҷаласаи роҳбарони сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии ИДМ доир гардид

Апрель 22, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 17-19 апрели соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи роҳбарони хадамоти иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз вазоратҳои корҳои дохилии Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи роҳбарони хадамоти иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Виталий Шулика оғоз намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам ва дурнамои рушди ташаккул ва истифодаи Махзани иттилоотии байналмилалӣ дар намуди электронӣ бо хати алоқаи муҳофизатшаванда» андешаҳои худро иброз дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Боймаҳмадзода муаррифӣ намуда, «Оид ба имкониятҳои ташкили мубодилаи ҳармоҳаи иттилооти оморӣ» сухан гуфт.

Зикр гардид, ки кафили муваффақият ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ- ин истифодаи маҷмӯи иттилооти мавҷуда ва мукаммал намудани технологияи махзани иттилоот мебошад.

Асос барои рушди минбаъдаи фазои умумии иттилоотӣ- ин таъсис додани Махзани иттилоотии байналмилалӣ ва самаранок истифода бурдани он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки таъмини иттилоот, ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои фавриро оид ба кофтукови шахсон, мошинҳо ва силоҳ дар тамоми ҳудуди давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам меорад.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён доир ба масъалаҳои тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда мубоҳисаю музокира намуда, як зумра таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи роҳбарони хадамоти иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Апрель 22, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд