Дар шаҳри Турсунзода 39 адад синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Турсунзода рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода гузаронида мешаванд. Мақсади асосии баргузории рӯзҳои мақомот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии сокинон, ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯзҳо сокинони шаҳри Турсунзода баҳри ободу хуррам гардонидани деҳот ба корҳои созандагӣ машғуланд. Соли 2019 дар шаҳр дар доираи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар деҳоти шаҳр беш аз 184 км роҳҳо сангфарш карда шуданд.
Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи шаҳри Турсунзода, барои бартарафсозии мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони 52 синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Дар назар аст, ки то охири соли равон 39 синфхона ба истифода дода шаванд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






