Дар Суғд аввалин гурӯҳи ҳазорнафараи наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел намуданд
ХУҶАНД, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар ин робита имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ Ховар, 5 апрел дар Қасри варзиши маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз панҷ ҳазор иштирокчӣ маросими тантанавии гусели аввалин гурӯҳи ҳазорнафараи наваскарон-ихтиёриён аз шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат доир гардид.
Дар маросими тантанавӣ масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолону ҷавонон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно карда, зикр намуд, ки «хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо шароити буду боши хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ пайваста дар мадди назари Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё карда шудааст».
Дар ҷамъомад инчунин бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии «нонгазон» сурат гирифта, барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида сохт.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба қисмҳои ҳарбии мамлакат дар маъракаи даъват аз вилояти Суғд беш аз ду ҳазор нафар ҷавонон сафарбар мешаванд.








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






