Дар Тоҷикистон амалиёти «Муоинаи техникӣ» оғоз гардид

Апрель 15, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз, 15 апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ» — ро ба роҳ мондааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки ин амалиёт то 25 апрели соли равон идома меёбад.

Дар ҳамин робита Раёсати БДА аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват ба амал овардааст, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳми арзанда гузоранд. Телефонҳо барои тамос 235-45-45; 236-05-35.

Апрель 15, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ