«Фурӯғи субҳи доноӣ…». 23 апрел – Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

Апрель 23, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф  таҷлил мегардад.

Агар ба таърихи ин ид назар афканем, маълум мегардад, ки соли 1995 дар Париж ЮНЕСКО қароре қабул намуд, ки дар ин рӯз ба китобҳо ва муаллифони онҳо мебояд эҳтиром гузошт. Мақсади қабули ин қарор афзун намудани хониш ва андӯхтани дониш, эҳтироми китобу муаллифоне, ки дар рушду нумуъ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас доранд, мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф соли 1996 ҷашн гирифта шудааст.

Зимнан интихоби ин рӯз бесабаб нест, зеро ба навиштаи сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид, «23 апрел дар адабиёти ҷаҳон рӯзи рамзӣ мебошад. Дар ин рӯзи соли 1616 Сервантес, Шекспир ва Инка Гарсиласо де ла Вега аз олам даргузаштаанд. Инчунин ин сана рӯзи мавлуд ва фавти чунин нависандагони номвар, ба монанди Морис Дрюон, X.Лакснесс, Владимир Набоков, Дж. Пла ва Мануэл Мехиа Валехо аст».

Бояд гуфт, ки китоб сарчашмаи дониш оид ба таърих ва мероси рушди инсоният мебошад. Тавассути китоб мо на танҳо ба махзани дониш дастрасӣ пайдо менамоем, балки ба идея, арзишҳои динӣ ва мафкуравӣ, дарки зебоипарастиву дастовардҳои инсонӣ метавонем роҳ ёбем. Китоб-ин оинаи рангоранги ҷаҳони мутамаддин аст, ки фарҳангҳои мухталифи дунёро дар замону макони дирӯз ва имрӯз пайванд медиҳад.

Маҳз ба ин хотир, соли 2019 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад.

Эълон ва баргузории озмун бори дигар аз он шаҳодат дод, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат рушди неруи маънавии ҷомеа  низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат, забон ва санъат рост меояд. Зеро маҳз баъди пайдо шудани хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахт, устухон ва пӯсти ҳайвонот нақш офаридаву нависанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, бо гузашти вақт, рушди илму техника ва пас аз ихтирои коғаз низоми нави китобдорӣ ба миён омад. Ҳамин тариқ, таърихшиносон аввалин дастнависҳоро, ки дар Мисри Қадим пайдо шуданд, ба ҳазораи то мелод марбут медонанд.

«Дар пойтахти давлати Сомониён бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи он даврон бо номи «Сивон-ул-ҳикма» бунёд гашт, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт. Абӯалӣ ибни Сино дар овони ҷавонӣ аз ин китобхона истифода намуда, баъдҳо ба хотир овардааст, ки китобҳои нодири дар ин ҷо дидааш тамоми умр дар ҳеҷ кишваре ба назараш нарасидаанд»,- зикр карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Нақши бузурги китоб дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоии халқи тоҷик хеле назаррас ва фаромӯшнопазир аст, ки мисоли раднопазири ин гуфта асари безаволи устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, «дар он давраи ҳассос ва қисматсоз устод Айнӣ соли 1926 дар кӯтоҳтарин муддат китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба майдон овард, даъвоҳои ғаразноки нотавонбинонро фош сохт, ҳуқуқи маънавии халқи тоҷикро ба таърихи куҳан, забон ва адабиёти оламшумулаш исбот ва таъмин намуд».

Маҳз барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла дар даҳ соли охир Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015, Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013-ро қабул ва амалӣ намуд.

Ин аст, ки ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар қаламрави мамлакат беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд.

Ҳар сол ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ се ҷанбаи муҳими китобро ба назар гирифта, барои як сол «Пойтахти ҷаҳонии китоб»-ро интихоб мекунанд. Соли равон  шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ин унвонро соҳиб гардидааст.

Ин анъана бар он асос меёбад, ки дар ин рӯз аз ҷониби СММ номи шаҳре эълон карда мешавад, ки тӯли як сол унвони пойтахти ҷаҳонии китобро ба худ мегирад. Ва дар он сол талошу кӯшишҳои шаҳри номбурда баҳри рушду нумуи китоб ва осори барҷастаи муаллифон ба аҳли ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Тавре ВАО менависанд, то имрӯз шаҳрҳои Мадриди Испания, Искандарияи Миср, Деҳлии нави Ҳиндустон, Монреали Канада, Баготаи Колумбия, Люблянаи Словения, Буэнос-Айреси Аргентина, Бангкоки Тайланд, Порт-Харкорти Нигерия  ва ғайраҳо пойтахтҳои ҷаҳонии китоб интихоб гардидаанд.

Муаллиф шахси воқеие мебошад, ки дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ асар офарида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муаллифро ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёде ҳифз мекунанд. Бояд гуфт, ки моликияти зеҳнӣ — ин моликият ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва маҳсули зеҳнӣ буда, дар якҷоягӣ объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи ихтироъкориро дар бар мегирад.

Тавре моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода барад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст».

Ба ғайр аз Конститутсия дар мамлакати мо ҳуқуқи муаллифро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳимоя мекунанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки соли 1998 қабул шудааст, дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.

Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба муаллифони асарҳои эҷодӣ, инчунин мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят мекунад.

Тавре файласуфи франсуз Денӣ Дидро дар асри 18 гуфтааст: «…инсоният вақте ки мутолиаро қатъ менамояд, тафаккурро аз даст медиҳад».

 Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид