ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ. Дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон Маркази рушди забони англисӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи Маркази рушди забони англисӣ дар факултаи забонҳои романӣ-германии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода туҳфаи хубест ба Рӯзи забони англисӣ, ки аз соли 2010 инҷониб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун замина барои омӯхтани илму фарҳанги кишварҳои дигар, дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва ба ҳайси воситаи муоширати байни миллатҳо бояд ба эътибор гирифта шавад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани на камтар аз ду забони хориҷиро барои ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба сатҳи пасти дониши ҷавонон аз ин забонҳо изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин таҳкими омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русию англисӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии ҷаҳон боз ҳам беҳтар огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон дар муаррифии комёбиҳои кишвар дар олам нақши муҳим гузошта, миллати худро ба ҳайси як кишвари соҳибтамаддун тарғиб бикунанд.
Дар замони муосир ҳаёт зарурати беҳтар донистани забонҳои русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати давлати мо оид ба забон гузошт. Ба ин муносибат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз 4 апрели соли 2003 интишор ёфт, ки зарурати тасвиби он чунин арзёбӣ гаштааст: «Ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалӣ, ғанӣ гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқҳо, фароҳам овардани шароит барои суръатбахшии пешрафти илму техника, аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад». Бо гузашти давраи фаъолият ва идомаи мантиқии кор бо дарназардошти талаботи айём қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 3 июли соли 2014 ба тасвиб расид, ки ҷиҳати боз ҳам рушд додани забонҳои хориҷӣ дар кишвар заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода 18 апрел дар факултаи забонҳои роман-германӣ Маркази рушди забони англисӣ ба истифода дода шуд.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи филологияи англисии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Зубайдулло Мусоямов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мақсади асосии ташкил намудани Маркази рушди забони англисӣ дар Донишгоҳро баланд бардоштани сатҳи донишҳои забони англисии тамоми донишҷӯёни кишвар донист. «Дар гузашта донишҷӯёни тоҷик барои омӯхтану такмил додани забони англисӣ ва иштирок дар клубҳои мубоҳисавии ин забон ба марказҳое мерафтанд, ки онҳо аз тарафи сафоратҳонаҳо ташкил карда мешуданд. То ин муддат Маркази омӯзиши забони англисие, ки миллӣ бошад, яъне аз тарафи Ҳукумат дастгирӣ ёбад, дар мо ин шакл набуд. Ин якумин маркази рушди забони англисӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки махсус барои омӯзиши забони англисӣ равона шудааст. Ҳоло марказ дорои зиёда аз 4 ҳазор маводи таълимӣ мебошад, ки онҳо аз ИМА, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Инҳо маводеанд, ки аз тарафи устодони Донишкада ҳамчун туҳфа ҷамъоварӣ шудаанд»,-зикр намуд ӯ.
Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» амал мекунад, ки яке аз ҳадафҳои дигари ин марказ, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, иҷрои бандҳои барномаи мазкур мебошад.
«Марказ на танҳо барои донишҷӯёни Донишкада, балки барои тамоми донишҷӯёни кишвар расона гардидааст. Тибқи нақша, дар марказ моҳе ду маротиба клуби мубоҳисавӣ бо забони англисӣ сурат мегирад, ки роҳбарии онро муаллимаи мо аз Ирландия, соҳибзабон Катрин Карте мегузаронанд. Инчунин муаллимаи дигари мо- шаҳрванди ИМА, муаллима Сюзан Лейман ба барномаҳои такмили забони англисӣ низ машғул аст. Барномаҳои ин марказ пурра аз тарафи кафедраи филологияи англисии донишкада ба тасвиб расида, бо забони англисӣ сурат мегиранд. Истифодаи мавод озод аст ва тибқи нақша, дар марказ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе намоиши филмҳои англисӣ сурат мегирад»,-афзуд З.Мусоямов.
Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳояшон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русиву англисиро дар кишвар ғайриқаноатбахш дониста, зикр намуданд, ки он ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аксари хатмкунандагон ба ин забонҳо муошират карда наметавонанд. Ва Вазорати маориф ва илм, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда шуданд, ки ба сифати таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Зубайдулло Мусоямов сабаби асосии мутахассиси хуб нашудани кадрҳоро аз он медонад, ки донишҷӯён ба маводи таълимии забони англисӣ дастрасии пурра надоранд. «Бисёре аз омӯзгороне, ки фаъолият мекунанд, дар ин самт аз таҷрибаи сатҳи байналмилалии омӯзонидани забони англисӣ нагузаштаанд. Ба ин хотир кафедраи мо тибқи нақшаи дурнамо фаъолият мекунад. Аксарияти омӯзгоронро мо барои такмили таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар равона сохтем, то донишҳои худро дар он давлатҳо такмил диҳанд ва бо малакаву маҳорати баланд донишҷӯёни моро бо усулҳои нави забони англисӣ шинос созанд. Ҳоло Донишкада дар ин самт пешсаф аст, зеро 70 дарсади омӯзгорони мо аллакай аз такмили ихтисоси сатҳи байналмилалӣ гузаштаанд. Бар замми ин дар донишкада 3 нафар омӯзгорони фанни англисӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо соҳибзабон ҳастанд. Нақша дорем, ки муалимони соҳибзабонро ба донишкада бештар даъват намуда, сифати таълими ин забонро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем. Ин имкон медиҳад, ки кадрҳои мо дар оянда дар бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойи кор шаванд»,-мегӯяд ӯ.
Дар донишкада ҳоло барномаи мултимедӣ фаъолият мекунад. Тамоми синфхонаҳои донишкада бо тахтаҳои электронӣ, маводи аудиовизуалӣ таҷҳизонида шудааст, ки ин яке аз роҳҳои такмил додани забони англисӣ мебошад. Қаблан ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо донишҷӯён аз нарасидани мавод танқисӣ мекашиданд, ҳоло Донишкада хазинаи калони маводи англисиро соҳиб гаштааст, ки дорои зиёда аз 4 ҳазор маводи англисист.
«Ёд дорам, соли 2009 буду Пешвои миллат бо сафар дар шаҳри Ню-Йорк қарор доштанд. Ман низ дар яке аз шаҳрҳои ИМА будам ва тариқи телевизион вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар он ҷо таҳсил ва иқомат мекарданд, тамошо намудам. Он замон Сарвари давлат таъкид карданд, ки бояд кадрҳои сатҳи байналмилалӣ гардед, то тавонед нуфузи тоҷикону Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоя намоед. Инчунин таъкид карда буданд, ки ба мо иқтисодшиносе зарур аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ баромад кунад. Мо иқтисодчиёни боқувват дорем, аммо забони англисиро намедонанд. Дар партави гуфтаҳои Сарвари давлат инро гуфтанӣ ҳастам, ки дар ҳақиқат ҳам бисёре аз давлатҳои дунё кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони онҳо дар хориҷи мамлакат ба кор ҷалб карда шаванд. Ҳоло донишҷӯёни тоҷик низ дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият доранд. Ман бисёр ҷавонони тоҷикеро медонам, ки дар СММ, САҲА ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳайси корманди асосӣ фаъолият доранд. Барномаҳои дар ин самт қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани омӯзиши забони русиву англисӣ равона гардида, моро водор месозанд, ки кадрҳоро дар сатҳи байналмилалӣ омода созем. Ин ҷараён идома дорад ва баъди чанд соли дигар аксари донишҷӯёни мо метавонанд дар давлатҳои пешсаф ба ҳайси донандаи хуби забони англисӣ бо тахассусҳои худ фаъолият кунанд. Ин дар навбати худ нуфузи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд хоҳад бардошт»,-зикр намуд Зубайдулло Мусоямов.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»