КӢ ЧОЛОКТАР? Бахшида ба таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба иди касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10 апрел таҷлил карда мешавад, мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба футбол, гӯштини миллӣ ва тирпарронӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар оғоз гардиданд.
Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ рақобат хоҳанд намуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода хизматчиёни Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро ба ифтихори ин санаи муҳим табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно намуд.
Зикр шуд, ки Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад.
Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Қӯшунҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои қавӣ ва пешрафта мубаддал гашта, дар ин муддати кӯтоҳ афсарону сарбозони он тавонистанд дар баробари дигар хизматчиёни шуҷои мақомоту сохторҳои қудратии кишвар дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини тинҷию оромӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, нест намудани гурӯҳҳои ҷинояткор ва террористию ифротгаро саҳми босазои худро гузоранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






