Лутфия Абдухолиқзода: «Мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ устувор мегардад»

Апрель 12, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки 14 апрел таҷлил мегардад, ҷамъомади идона баргузор гардид.

Қабл аз ифтитоҳи ҷаласа кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар марқади академикҳои АИ ҶТ чун С. Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Осимӣ, С.Умаров, М.Турсунзода, А.Мухторов, Р.Масов  ва дигарон гулчанбар гузошта, хотираҳои мондаро дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин донишмандони шинохта ба олимони ҷавон нақл намуданд.  Дирӯз бошад, бо ибтикори   олимони ҷавон қабри олимони мутазаккир аз бутаву партовҳои ҷойдошта тоза карда шуданд.

Ҷаласаи тантанавиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли толор ва минбарбудагонро бо фарорасии «Рӯзи илм» табрик намуд.  Номбурда рисолати олимони тоҷикро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон иқрор карда, хеле бамаврид таъкид намуд, ки дастгирӣ ёфтани паҳлӯҳои гуногуни илму маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон бахшида ба «Рӯзи илм» инъикос шудааст.

Сипас, сардори Раёмсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода аз мақоми хосса доштани илм дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сухан карда, баён дошт, ки имрӯзҳо илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа пеш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо намудааст.

“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳо нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва бештар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои илмии дар замони истиқлолият ба даст овардаи олимони тоҷик аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин давра дар соҳаи илмҳои дақиқ, кишоварзӣ, техникӣ ҳамчун илмҳои ҷомеашиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд”,-гуфт Лутфия Абдухолиқзода.

Ба иштиррокчиёни маҷлиси тантанавӣ филми мустанаде аз ҳаёту фаъолияти илмиву сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров  намоиш дода шуд.

Дар ҳамоиш ба олимоне, ки соли равон соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо ва ба олимони Академия барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2018 ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар  фарҷоми маҷлиси тантанавӣ президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохили кишварро бар олимоне, ки ин ҷоизаҳои илмиро соҳиб шудаанд, тақдим карда, ҳамагонро, ки дар рушди илми тоҷик саҳми хешро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Апрель 12, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад