Марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал — 2019» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал — 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин муносибат дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҷаласа доир гардида, дар он зикр карда шуд, ки марҳилаи аввали ин амалиёт бо номи «Нелегал — баҳор» аз 9 то 12 апрел бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти «Нелегал — баҳор», пеш аз ҳама, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои омаду рафт, будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иброз доштанд, марҳилаи аввал дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат мегирад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






