Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе захираи ангиштро ба 1 млн 100 ҳазор тонна хоҳад расонд

Апрель 10, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони  гузашта 997 ҳазору 884 тонна ангишт истифода бурдааст.  Дар ин бора имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти  ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, пеш аз оғози мавсими кор МБГ №2- шаҳри Душанбе 830 ҳазор тонна ангишт  захира дошт. Ҳоло дар анбори марказ  47 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. «Мо нақша дорем, ки то охири соли равон захираи ангиштро ба 1 млн 100 ҳазор тонна расонем. Барои захиракунӣ ангиштро асосан аз конҳои минтақаи Фон-Яғноб меорем, зеро сифати ангишти ин конҳо барои истифода мувофиқат мекунад»,-зикр намуд ӯ.

Ба зикри Нозирҷон Ёдгорӣ, МБГ №2-и шаҳри Душанбе  вақте ки бо иқтидори пурра кор кунад, аз рӯи нишондод дар як рӯз 5800 тонна ангишт истифода мебарад. Иқтидори истеҳсолии он 400 МВт  неруи барқ ва 235 Гкал/соат гармӣ аст.

Бояд гуфт, ки дар ШСХК «Барқи тоҷик» шуъбаи  махсуси нақлиёт ташкил шудааст, ки кашонидан ва захира намудани неруи барқро пурра зери назорат гирифтааст. Дар айни замон шуъба 150 мошини гаронвазни «Дулон»-ро дар ихтиёр дорад, ки шабонарӯз ба кашонидани ангишт машғуланд.  Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ  дар назар аст, ки то 50 адад ин гуна мошинҳоро аз Чин харидорӣ намоянд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, фаъолияти МБГ дар мавсими гузашта аз 16 сентябр оғоз ёфта, гармидиҳӣ аз моҳи октябр сар шуд ва то 7 апрели соли ҷорӣ давом кард.

Хотиррасон менамоем, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2016  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.   Хишти аввали сохтмони ин иншоот аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Апрель 10, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид