«Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм»-таҳти чунин унвон Конференсияи байналмилалии илмӣ доир мегардад

Апрель 1, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм» Конференсияи байналмилалии илмӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон аз давлатҳои Германия, Туркия, Афғонистон, Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии ҳамоиши байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар ин бора директори Институти мазкур Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар конференсия масъалаҳои «Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели сулҳофаринӣ барои кишварҳои буҳронзада», «Раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронзадаи Афғонистон, Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман», «Нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ташкили музокироти сулҳи Афғонистон», «Ҷараёни ҳамкории кишварҳои абарқудрат ва минтақавӣ дар раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронии Шарқи Наздик», «Ҳамкории мутақобилаи кишварҳои минтақа ва таҷрибаи мавҷуда алайҳи терроризм ва экстремизм», «Мақом ва ҷойгоҳи СММ дар раванди сулҳофаринӣ дар ҷаҳони муосир», «Омилҳои дохилӣ ва берунаи низоъ дар кишварҳои Шарқи Наздик: мушкилоти шинохт ва ташхиси он», «Таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити муосир», «Сиёсати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли низоъҳои дохилии давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик», «Ҷойгоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз қабили СКИ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра дар ҳалли низоъ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм» мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Апрель 1, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд