ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад

Апрель 20, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 18-23  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона  8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Рӯзона ҳавои  бе бориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва  рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9   ва  рӯзона  13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво рӯзона тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Танҳо  шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  8-13   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11  ва  рўзона 17-22  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  шабона 10-13  ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 20, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд