ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола дар назар буда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва ҳангоми раъду барқ бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






