ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад

Апрель 4, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 04.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон  меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад. Ҳаво дар шарқи вилоят бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 13-18  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ҳаво бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр  барфи тар борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба самти ғарб бо суръати   4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.      Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  10-15  ва   рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор  метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 13-15  ва рӯзона 22-24  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 4, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд