ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас ва танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500м барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бошиддат борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






