Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таърихи бонкдории тоҷикон шинос намуд

Апрель 5, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 05.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти  эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ  барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва  толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №148 ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор намуд.

Аз Бонки  миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  машғулияти мазкур дар доираи «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ» (Global Money Week) дар ҳамкорӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ҶСП «Ҳумо» гузаронида шуд.

Дар машғулиятҳои инфиродӣ ба донишҷӯёну толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Донишҷӯёну толибилмон дар радифи тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла бо сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо шавқи хосса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд.

Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии донишҷӯён мусоидат менамоянд, тақдим гардиданд.

 

Апрель 5, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд