Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таърихи бонкдории тоҷикон шинос намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №148 ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор намуд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машғулияти мазкур дар доираи «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ» (Global Money Week) дар ҳамкорӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ҶСП «Ҳумо» гузаронида шуд.
Дар машғулиятҳои инфиродӣ ба донишҷӯёну толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Донишҷӯёну толибилмон дар радифи тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла бо сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо шавқи хосса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд.
Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии донишҷӯён мусоидат менамоянд, тақдим гардиданд.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






