Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга мулоқот намуданд

Апрель 26, 2019 16:11

ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз доштанд.

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи ин робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Апрель 26, 2019 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон