Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд

Апрель 26, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисерҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору суҳбати навбатиро имкони хубе барои муҳокимаи вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ карданд.

Аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳамкории кишварҳо давоми 27 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро дар ин муддат ҳамгироии кишварҳо раванди рушди бонизому бемайлонро касб намуд.

Таъкид гардид, ки мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳо ва халқҳоямон аз муколамаи сатҳи олӣ, сафарҳои ҷавобии сарони давлатҳо, машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таъсиси сафоратхонаҳо, фаъолияти гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин дигар имкониятҳо ба таври самаранок истифода барем

Барои мусоидат ба рушду густариши бештари робитаҳо пешниҳод карда шуд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, варзиш, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, инчунин илму фарҳанг, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ҳар чи зудтар ба имзо расанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамгироии ҷонибҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, фарҳанг, туризм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук 26.04.2019 Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук 26.04.2019

Апрель 26, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон