Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ” сурат гирифт, вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ ба раванди татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаи дарёфти роҳҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






