Рӯзҳои кинои тоҷик дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешаванд.
Тавре аз студияи «Суғдсинамо» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин барнома филми «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегиранд ва тӯли ду рӯз филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз, «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музаффар намоиш дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки филми «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аст ва он аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон «Тангнои гетӣ» таҳия шудааст.
Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия наворбардорӣ шудааст. Он аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






