Рашт: ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Сафиалло Азизуллозода бо мардум баргузор гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манба, С. Азизуллозода доир ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша намуда, бо пахши видео-роликҳо ин масъаларо шарҳу эзоҳ дод. Номбурда ҳамчунин ба аҳолӣ ва имомхатибони масҷидҳо муроҷиат намуда, даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва онҳоро бо роҳи рост ҳидоят намоянд.
«Падару модарон ҳатто ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани фарзандонашон онҳоро беназорат набояд гузоранд, зеро онҳо ҳанӯз таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва зери таъсири ҳар гуна равияҳои бегона монданашон аз эҳтимол дур нест», — илова намуд ӯ.
Мавриди зикр аст, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, дар ин самт тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави мамлакат бо мардум суҳбату вохӯриҳои манфиатбахш анҷом медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






