«Родмарди илму сиёсат». Ба зодрӯзи шахсияти ҳирфаӣ, донишманд, масъулиятшинос, ватандӯст ва ҷавонмард Суҳроб Шарифов 55 сол пур шуд

Апрель 18, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «ЭР граф»-и Душанбе китоберо  таҳти унвони «Родмарди илму сиёсат» аз чоп баровард, ки он ба 55 –умин солгарди зодрӯзи  собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Суҳроб Шарифов   бахшида шудааст.

Мураттиби китоб  корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев ва муҳаррири  он  узви вобастаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сахидод Раҳматулозода мебошанд.

Дар китоб  сиёсатмадорон, олимону журналистон, шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ ва пайвандону  дӯстону ҳамкорон таассуроту ёддошт ва хотироти неки худро роҷеъ ба  фаъолияти  илмию  сиёсӣ ва сифатҳои  неки инсонии Суҳроб Шарифов  иброз намудаанд.

Ҳадафи аслии китоби «Родмари илму сиёсат» муаррифии симои Суҳроб Шарифов ҳамчун  олими воқеӣ ва  арбоби давлатӣ мебошад.  Китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо зиндагинома ва  марҳилаҳои асосии  фаъолияти Суҳроб Шарифов  ва ҳаёти ӯ шинос гарданд,- мегӯяд мураттиби китоб.

Дар саҳифаҳои аввали китоб сарсухани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷой дода шудааст. Дар он  гуфта мешавад, ки «шодравон  Суҳроб  Шарифов давоми фаъолияти  гуногунҷанбаи худ  вазифаҳои пурмасъулеро ба уҳда дошт ва тавонист худро  ба ҳамкорон ҳамчун  шахсияти ҳирфаӣ, донишманд,  масъулиятшинос, ватандӯст ва  ҷавонмард муаррифӣ  намояд».

Шодравон С. Шарифов  дар солҳои роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2005-2011)  буданаш  миёни аҳли ҷомеаи кишвар  ҳамчун олими воқеъбин ва сиёсатмадор маҳбубият пайдо кард. Ӯ  байни  ҳукумат ва  ҷомеаи шаҳрвандии кишвар пуле маҳсуб меёфт, миёни ниҳодҳои  сиёсии давлат  ва созмонҳои ҷамъиятӣ шарикии иҷтимоиро роҳандозӣ карда,  тақвият бахшид.  Бо маҳорату  созмондеҳии  худ дар Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  як гурӯҳи мутахассисони  донишманду ҳирфаӣ  ва дорои андешаи  солимро ҷамъ оварда,   самти тадқиқоти марказро  ба масъалаҳои муҳим нигаронид.  Нақши Суҳроб Шарифов  дар шаклгирӣ ва  рушди мактаби  миллии сиёсатшиносӣ  калон аст.  Ӯ муаллифи  4 монография, беш аз 500 мақолаҳои илмию таҳлилӣ буда, дар зиёда аз сад конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳамоишҳо ширкат ва сухан кардааст. Ӯ ба тарбияи кадрҳои  миллӣ  таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, роҳбарии  чандин рисолаҳои илмиро  низ ба уҳда  дошт  ва ҷодаи наверо  барои олимони ҷавон боз кард, ки алҳол онҳо дар муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва илмӣ  фаъолият доранд.

«Шодравон Суҳроб Шарифов  ҳамеша таъкид мекард, ки  мо бояд идеяи  миллии худро дошта бошем, то  мардум, ҷомеа ва давлат дар атрофи  як идеяи калидӣ ва меҳварӣ ба хотири шукуфоӣ ва пешрафти Ватани худ муттаҳид шаванд»,- чунин гуфтааст дар сарсухани китоб Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Мавсуф афзудааст, ки С. Шарифов зимни фаъолият дар Маҷлиси намояндагон ба ҳайси вакили Парлумон  барои мукаммалсозии  низоми қонунгузорӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон  ва дигар масоили марбут ба  пешрафти кишварамон  пешниҳодҳои муҳиму мушаххас ироа менамуд. Бо ибтикори ӯ  як силсила қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ва «Дар бораи ҳамкориҳои байнисарҳадӣ»  ба тасвиб расиданд. Дар идомаи сарсухани худ Ш. Зуҳуров афзудааст, ки   Суҳроб Шарифов зиндагии худро  комилан ба  хидмати давлату  миллати тоҷик  бахшида буд.

Шарифов Суҳроб Ибронович  18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе  таваллуд шуда, соли 1988  факултаи фалсафаи  Донишгоҳи давлати  Москва  ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст. Солҳои 1988-1990 ба ҳайси  устоди фанни фалсафа дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс додааст. Солҳои 1990-1993   аспиранти  факултаи  фалсафаи Донишгоҳи  давлатии Москва  ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 1993-1998 корманди илмии  факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва буда, то ба сатҳи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор мушарраф гардид. Шоравон С. Шарифов солҳои  1998-2001  ба ҳайси мудири  шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  2001-2003  муовини мудири шуъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2005 ёвари Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005-2011 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият кардааст. Аз моҳи декабри соли  2011  то охири умраш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  С. Шарифов  дар авҷи камолоти фаъолиятҳои  сиёсию иҷтимоӣ ва илмӣ  бар асари беморӣ 19 январи соли 2015,  дар синни 52 аз олам даргузашт.

Баъди марги С. Шарифов  бо дастгирии Пешвои миллат ва собиқ Раиси шаҳри Душанбе  дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони   халқи  шаҳри Душанбе  соли 2016 яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи  шодравон Суҳроб Шарифов гузошта шуд.

Апрель 18, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид