Санҷишгарони қарзии «Амонатбонк» соҳиби сертификат гардиданд

Апрель 15, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 15.04.2019/АМИТ «Ховар»/. 15 нафар кормандон-санҷишгарони қарзӣ аз филиалҳои «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баъди гузаштани  курси омӯзишии малакаҳои тренерӣ  соҳиби сертификат шуданд.

Зимни супоридани сертификат ба шунавандагони  курси омӯзишӣ  раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Икромӣ  зикр кард, ки дорандагони Сертификати санҷишгарони (экспертҳои) қарзӣ вазифадоранд барои иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои қарзгир, ки дар шартнома дарҷ мешаванд, масъулиятшинос  буда, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло донанд ва фаъолияти созандаи худро баҳри пешрафти кор дар соҳа равона намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки давраи сеюми курси омӯзиши малакаҳои тренерӣ тибқи Барномаи таҳия намудаи Департаменти қарздиҳии БДА «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълим ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандон ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз миёни кормандони филиалҳои «Амонатбонк» гузаронида шуд.  Интизор меравад, ки чунин курсҳои омӯзишӣ  дар оянда дар дигар филиалҳои минтақавии  «Амонатбонк» гузаронида хоҳанд шуд.

Апрель 15, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ