Шаҳрвандони муқими Арабистони Саудӣ фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуданд

Апрель 12, 2019 18:22

ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва сарходими маркази Синошиносии Академияи илмҳои ҶТ Саидраҳмон Сулаймонов ҷиҳати ширкат дар «Конфронси нахустини арабшиносии Осиё» ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

Дар ҳошияи конфронс Файзулло Баротзода, Саидраҳмон Сулаймонов дар якҷоягӣ бо Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик, шаҳрвандони муқими ШАС ва аъзоёни «Анҷумани тоҷикони Мадинаи Мунаввара» вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ Ф.Баротзода доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвар, рушду босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон оид ба худшиносию худогоҳӣ, ҳушёрии сиёсии ҷавонон суханронӣ кард. Ф.Баротзода ба донишҷӯёни тоҷик хитоб карда, таъкид дошт, ки фирефтаи ҳизбу гурӯҳҳои бо ном «исломӣ» нашуда, масъалаҳои эътиқодӣ ва фарҳангиро аз сарчашмаҳои муътамад дарёфт намоянд.

Илова бар ин, Ф.Баротзода оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард. Ӯ зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик аз аввали пайдоиш то ҳол таъсиси ташкилоти мазкурро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи зиддимиллӣ ва бар хилофи мазҳаби Имом Абуҳанифа медонанд. Баротзода илова кард, ки маҳз фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИ сабабгори асосии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, монеаи пешрафти иқтисодиёт, илм ва фарҳанг дар Тоҷикистон гаштааст.

Роҳбарони ҲНИ иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологии ифротӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Инчунин аз ҷиноятҳо, кӯшиши табадуллоти моҳи сентябри соли 2015 ва дигар амалҳои душманонаи аъзоёни ҲНИ ба ҳозирин  маълумоти муфассал дода, ҷавононро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани меҳан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва динии халқамон ҳидоят намуд.

Аз ҷониби аҳли нишаст суханронии Ф.Баротзода мусбӣ арзёбӣ гардида, қайд намуданд, ки мо тоҷикони муқими ШАС фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ-ро пурра маҳкум карда, омодагии хешро ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар кишвар баён медорем ва омодаем барои рушду нумуи кишварамон саҳми назарраси худро гузорем.

Апрель 12, 2019 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд