Ширкатҳои сайёҳӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дастгирӣ менамоянд

Апрель 30, 2019 13:42

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва асотсиатсияҳои соҳавӣ ҷамъомад доир гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар оғоз раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок барои рушди иқтисодиёти миллӣ дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва камназиранд.

Пеш аз ҳама ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми соддакардашудаи дастрас намудани раводид, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электрониро дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ соли 2018 низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Пешвои муаззами миллат бо таҷрибаи бузурги худ барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо намуданд. Дар марҳилаи аввали рушди соҳа бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 2 то 4 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.

Дар ин радиф, бо ташаббуси Пешвои миллат ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод карда шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарбахш ба бор оварда, дар соли 2018, 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтанд ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардиданд. Дар маҷмуъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ то ба 160 адад расонида шуда, ҳавасмандии аҳолии фаъоли иқтисодии мамлакат барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тадриҷан меафзояд.

Бо ибтикори  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Бо мақсади татбиқи пурра ва самараноки имтиёзи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба руйхати иншооти мазкур, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел), осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии маҷмуии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ), нуқтаҳои хизматрасонии маҷмуии сарироҳӣ (мотел), боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ), инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ, тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ, марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкуҳ барои сайёҳон, маҷмааи сайёҳию лижаронӣ, марказҳои омӯзишӣ барои куҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ ворид карда шуданд.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо 12 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷониби  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, бунёди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ҷараёни суханронии худ раиси Кумита моҳияти ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ ба буҷет»-ро вобаста ба ҷорӣ намудани хироҷи сайёҳӣ шарҳ дод.

Маблағи аз ҳисоби хироҷи сайёҳӣ ҷамъшуда барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди иншооти сарироҳӣ ва тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ пешбинӣ мешавад.

Ин тасмим ширкатҳои сайёҳиро ҷиҳати боло бардоштани нишондодҳои соҳавӣ ва дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ таъмин намудани рушди босуръати саноати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ҳавасманд гардонид.

Бояд тазаккур дод, ки ширкатҳои сайёҳӣ ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳуриро чун ҳамеша дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш бобати ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ талош намуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, пардохти хироҷ аз сайёҳон зимни будубош дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла кишвари ҳамҷавори мо Ӯзбекистон, минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Россия, Гурҷистон, ҳамаи кишварҳои аврупоӣ, ИМА, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Япония ва дигар мамолики олам ҷорӣ гардида, бо ин васила тавонистанд, пояҳои инфрасохтории соҳаро мустаҳкам намуда, дар бозори сайёҳии ҷаҳон рақобатпазир гарданд.

Апрель 30, 2019 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид