Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии Этно-Ҷаз баргузор мегардад

Апрель 26, 2019 14:33

ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар толори консертии «Кохи Суруш» бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон, Германия, Шветсария, Қазоқистон шашумин Фестивали байналмилалии Этно-Ҷаз баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур меҳмонон давоми се рӯз имкон пайдо мекунанд, ки аз фарҳанги мусиқии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ошноӣ пайдо намоянд.

Давоми  се рӯз Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла, гурӯҳҳои «Авесто», «Навои Аҷам», «Khalil brothers»,  «Роҳи Абрешим» бо роҳбарии Самандар Пулодов ва Иқбол Завқибеков намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи фестивали мазкур баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳи рушди этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон» дар назар дошта шудааст.

Дар фестивали мазкур инчунин гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Австрия, Нидерланд, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳунару малакаи худро ба мухлисон нишон медиҳанд.

Мақсади фестивал тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда,  бо ташаббуси Дафтари ҳамкории Шветсария, Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида мешавад.

Апрель 26, 2019 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ