Татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 31 миллиард сомонӣ дар Тоҷикистон

Апрель 23, 2019 10:48

ДУШАНБЕ, 23.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 31,9 миллиард сомонӣ ё муодил ба 3,38 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.

Ин нукта дар ҷаласае,  ки таҳти раёсати  муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир ба ҷараёни татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар Душанбе доир гардид, баён дошта шуд. Дар он  роҳбарони вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуданд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,6 миллард сомонӣ,  маблағҳои грантӣ 13,8 миллиард сомонӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,37 миллиард сомонӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) 162,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои Бонки Осиёгии Рушд 889,6 миллион $, Бонки ҷаҳонӣ 579,8 миллион  $, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 506,4 миллион $, Ҷумҳурии Мардумии Чин 479,4 миллион $, Бонки Исломии Рушд 149,4 миллион $, Бонки аврупоии сармоягузорӣ 89,1 миллион $, Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 милион $, Фонди саудии рушд 85 миллион $ ва Бонки германии рушд 70,9 миллион $ асос ёфтаанд.

Гуфта шуд, ки дар зарфи се моҳи аввали соли равон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда 669,9 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Ҳамзамон дар ҷаласа роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунанда доир ба ҷараёни татбиқ ва азхудкунии воситаҳои молиявии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ, мушкилот ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳалли онҳо гузориш доданд.

Дар анҷом ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва вазорату идораҳои марбута аз ҷониби муовини аввали Сарвазири мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуд.

Апрель 23, 2019 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад