Тоҷикистон ба таҳкими равобити мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ бо Россия аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад

Апрель 17, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Конференсияи 7-уми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.

 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Хикматуллозода зимни конференсия зикр кард, ки «Тоҷикистон ба таҳкими равобити мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ бо Россия ҳамчун самти муҳими шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду давлат, ки бар дӯстии анъанавӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Иродаи сиёсӣ, сатҳи баланди самимият ва эътимоди мутақобилаи сарони давлатҳоямон дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Россия ва ба сатҳи сифатан нав баровардани он нақши калидӣ доранд».

Ба гуфтаи ӯ, рушди муваффақонаи равобити тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Россия барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳиссаи он 25 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷумла зиёда аз 30 дарсади маҳсулоти воридотшаванда рост меояд. Соли 2018 ҳаҷми тиҷорати мутақобила бо Россия  дар муқоиса бо соли 2017 9,3 дарсад афзуда, зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамкории сармоягузорӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамгироии иқтисодии ду кишвар мебошад. Сармояи Россия дар лоиҳаҳои калони дар қаламрави Тоҷикистон татбиқшаванда ширкат карда, яке аз мавқеъҳои пешбарро дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ба ҷумҳурӣ равонагардида ишғол менамояд. Тайи даҳсолаи охир ҳаҷми сармоягузории Россия дар иқтисодиёти Тоҷикистон тақрибан 1.7 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла сармоягузории мустақим — 930 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Сармоягузории Россия ба бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, ба мисли энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ ва сохтмонӣ, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, кишоварзӣ, телекоммуникатсия ва саноати технологияҳои баланд нигаронида шудааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон бо сармоягузории Россия 149 корхона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 40 корхона бевосита ба Россия мутааллиқ буда, 109 корхонаи дигар муштарак мебошанд.

Апрель 17, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад