ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ САРНАВИШТ. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ

Апрель 18, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1984 бо  қарори ЮНЕСКО   ҳамасола   18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати тоҷик бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фарзандони  шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ  басо назаррас мебошад.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» номзади илмҳои бостоншиносӣ, мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев иброз дошт, маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, микдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат зимни ирсоли Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи таърихию фарҳангии миллати тоҷик чунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Вобаста ба татбиқи нишондодҳои Паём ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки кормандони соҳавии вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ»-ро дар  мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда, барои баррасӣ ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  намуданд.

«Корҳои омодасозии номинатсионии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» (тибқи талаботи 4 критерияҳои тахассусӣ) ҷиҳати соли 2020 ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО пешниҳод намудани ин ёдгории нодири миллат идома доранд»,- афзуд Ш. Хоҷаев.

Ба зикри номбурда, имрўзҳо вобаста ба пурра намудани фазои фарҳангии кишвар  талабот ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои моддии халқи тоҷик беш аз пеш афзудааст.

«Мояи хушҳолист, ки шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ афзоиш ёфта, таъсиси Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишвар дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба шумор мераванд»,- иброз медорад Шералӣ Хоҷаев.

Ба иттилои ӯ, маҳз дар давраи соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 90 ёдгориҳои мероси ғайриманқули дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷавӣ тармиму  барқарор гардиданд.

«Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабул гардида, теъдоди зиёди маводи тарғибии чопӣ ва нашриявӣ вобаста ба таъриху фарҳанги миллӣ нашр гардидаанд. Инчунин «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст. Теъдоди ёдгориҳои ба Феҳрист воридгардида зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои бостонӣ, меъморӣ ва монументалиро дар бар мегирад»,- баён дошт ӯ.

Мавсуф иброз дошт, ки аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ёдгориҳои таърихию-фарҳангӣ ва меъмории кишвар ба силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» номнавис гардидаанд:

1. Шаҳраки Панҷакенти қадим.
2. Шаҳраки Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон.

 

Аз гузаргоҳи «Марказӣ»:

3. Шаҳри Ҳисор.

                      Аз гузаргоҳи «Амударё»:

4. Дайри буддоии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш.
5. Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус.
6. Шаҳраки эллинистии Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён.
7. Шаҳри Ҳулбуки ноҳияи Восеъ.

Аз гузаргоҳи «Вахон»:

8. Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон

«Қабул гардидани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» барои пешрафти соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг тадбири пайгирона ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, барои воридшавии Тоҷикистон ба фазои муосири иттилоотии ҷаҳонӣ заминаҳои воқеан мусоид фароҳам овард»,-зикр намуд ӯ.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Барномаи мазкур дар ду марҳила корҳои тармиму барқарорнамоии 25 калъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масоҷиди таърихӣ, 3 маъбади тоисломӣ дар назар аст.

«Иҷрои самараноки Барномаи мазкур, ҳамчунин имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ-туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити муфид муҳайё карда шавад»,- гуфт Шералӣ Хоҷаев.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 адад ёдгориҳои мансуб ба таърих ва фарҳанги исломӣ — мақбараву мадраса ва масҷидҳо мавҷуд буда, таърихи куҳан доранд. Дар қатори ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва табиӣ, инчунин объектҳои дорои эътиқоди динӣ ва маросимӣ, ки мавриди  эҳтиром ва зиёрати   мардуми маҳаллӣ ва сайёҳони дохилию  хориҷӣ  гардидаанд, мавқеи хоссаро доро мебошанд. Ёдгориҳои моддии нотакрори халқи тоҷик, аз ҷумла бозёфти катибаҳои «Қуръон» ва навиштаҷоти ирфонӣ, девормусаввараҳо аз Қалъаи Ҳулбук мансуб ба асрҳои IX-XII, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ,  Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Эмом Аскари Содиқ, Эмом Зайналобиддин, Бурҷи Сармаст, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, Чашмаи Носир,  Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Мавлоно Юсуфи Чархӣ, Хоҷа Аҳтами Асам, Муҳаммад Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Муҳаммад Башоро, Абуабдулло Рӯдакӣ, Шайх Муслиҳиддин ва ғ., ки дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тармим ва бозсозӣ гардидаанд, қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик  мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад