23-МАЙ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз дар ҳамин рӯз бисту ду сол муқаддам Фармони таърихии Пешвои миллат «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба тасвиб расида буд
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар/. 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонеро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
Бояд гуфт, ки ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Тавре аён аст, тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад. Тавре худи Сарвари давлат гуфтаанд: «Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…».
Тавре муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ҷавонони тоҷик дорои эҳсоси баланди ватандорӣ, андешаҳои солими сиёсӣ ва заковатманду созанда мебошанд. Сокинони кишвар бо ин гуна насли ҷавони худ ифтихор доранд. Агар саҳифаҳои таърихро варақ занем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ҷавонони тоҷик ҳамеша дар хатти пеши навсозиҳо қарор гирифта, аз муборизони асосӣ дар роҳи дарёфт ва расидан ба Истиқлолияти давлатии кишварамон мебошанд. Ин анъанаи насли пешинаи ҷавонони тоҷик имрӯз бояд сармашқи кору пайкори насли нав қарор гирад.
Ризо Назарзода мегӯяд, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият то ба имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ ва ягонагӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 март соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005», «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015, 2016 -2018 ва 2019-2022» қабул гардид. Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз 20 марти ҳамин сол Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавонон таъсис ёфт.
23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонданд. Мутобиқи ин Фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо назардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло бошад он номи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, фаъолияташро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба роҳ мондааст»,- гуфт Ризо Назарзода.
Таваҷҷуҳи бевосита ва доимии давлату Ҳукумат ба насли ҷавон буд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдом боис шуд, ки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли наврас, соҳибмаърифат ва боистеъдод сарф намуда, кӯшиш мекунанд дар тарбияи мутахассисони баландпоя баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳм гузоранд. Имрӯз наздик ба 50 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд.
Ҳоло нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас мебошад. Дастовардҳои ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз чашмрасанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд. Хусусан, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон гардидани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳост.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон пайравони Пешвои миллат ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»