4 МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СӮХТОРНИШОНОН. Эҳдо ба муборизони роҳи наҷот, ки ҳамвора бо оташ дар набарданд

Май 4, 2019 10:48

ДУШАНБЕ, 04.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май дар саросари ҷаҳон иди касбии кормандони сӯхторнишонӣ, нафароне, ки кафили бехатарии зиндагӣ ва наҷотдиҳандаи ҳаёти одамонанд, таҷлил мешавад.

Сӯхторнишонӣ аз зумраи пешаҳоест, ки аз соҳибкасб қаҳрамониву корнамоӣ ва нотарсиву далерӣ талаб мекунад. Намояндагони ин касб инсонҳоеанд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд. Ва бояд гуфт, ки яке аз хусусиятҳои хоси самти кори ин нафарон доимо дар ҳолати омодабош қарор доштан мебошад. Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи сӯхторнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. Имсол кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ 91-умин солгарди фаъолияти худро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил менамоянд.

Ба гуфтаи муовини аввали сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода сӯхторнишонӣ касби душвору пурхатар, вале дар айни ҳол пур аз корнамоиву қаҳрамониҳои назарраси кормандони ин соҳа аст. «Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сўхтор доимо омодааст. Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳамаи бурду бохт ва душвориҳои давраи истиқлолиятро якҷоя бо мардуми мамлакат аз сар гузаронида, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузошт. Аз ҷумла, дар ин давра воситаҳои алоқаи кўҳна ба воситаҳои нави замонавӣ, яъне радиостансияҳои «Кенвуд» ва «Моторола» иваз карда шуда, барои дар сатҳи хуб гузаронидани амалиёти хомўш намудани сўхтор ва дигар чорабиниҳои зарурӣ дар ноҳияи Варзоб Рентранслятор барои қабули мавҷ васл карда шуд. Ба туфайли истиқлолият 70 адад мошинҳои оташнишонӣ ва 50 адад нақлиёти фаврӣ-хизматии сабукрав харида шудаанд».

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси роҳбарияти имрўзаи СХДО ВКД соли 2009 дар факултаи таҳсили рўзонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор гурўҳи «Бехатарӣ аз сўхтор» ташкил карда шуд, ки ба он 25 нафар номзадҳо дохил шуданд. Ҳоло ин курсантҳо академияро хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни Хадамот фаъолият доранд.

Ба гуфтаи Қ.Салоҳиддинзода, ҳамаи зангҳоеро, ки ба рақами  «01» мерасанд, навбатдорони қисмҳо қабул мекунанд. Навбатдор баъди қабули занг муайян месозад, ки кӣ занг зад, чӣ ҳодиса ва дар куҷо рух додааст. Шумораи зангҳои ба қисми навбатдорӣ воридшуда аз рӯзҳои истироҳатӣ, рӯзҳои ҷашнӣ ва мавсими сол вобаста аст. «Вақте хабари сар задани сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонӣ қабул ва суроғаву макони муайяни он дақиқ карда мешавад, навбатдорони сӯхторнишонӣ бояд дар зарфи камтарин фурсат, яъне 1 дақиқа либосҳои махсуси худро ба бар намуда, пас аз он таъҷилан ба мошини сӯхторхомӯшкунӣ нишинанд ва ба макони сӯхтор равон шаванд.  Ҷараёни ин кор  набояд вақти зиёд гирад. Ҳар қадар, ки нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ барвақттар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шавад, ҳамон қадар метавон ҳаёти шумораи зиёди одамон ва молу мулки онҳоро наҷот дод. Пас аз хомӯш намудани ҳодиса сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари аз он расида муайян карда мешаванд»,- изҳор медорад ӯ.

Аксаран ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди пойтахт аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва тарзи нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезананд. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизоти сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад. Ҳамчунин ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо имсол аз меъёр зиёд боридани борон сабаби зиёд сабзидани буттаву алафҳо гаштааст, ки дар ҳолати беэҳтиётӣ ва истифодаи нодурусти қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар фасли тобистон  эҳтимоли сар задани сӯхтор зиёд гардидааст.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар чор моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 352 ҳодисаи сӯхтор сар задааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 410 сӯхторро ташкил дода буд, 58 ҳодиса камтар мебошад. Хисороти аз сӯхтор ба амал омада 2 млн 892 ҳазору 546 сомониро ташкил дода, бар асари он 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумораи ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳамин давра бештар дар вилояти Суғд, ки 127 ададро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шуда, дар пойтахти мамлакат 60, дар вилояти Хатлон 76 ва ВМКБ 5 ададро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи корманди ХДО Ашӯралӣ Ҳоҷизода, хадамот таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор дар мамлакат ба шумор рафта, тавассути мутахассисони варзидаи худ ва техникаву таҷҳизоти муосире, ки дар ихтиёр дорад, корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунандаро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон дар бозору марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои давлативу ҷамъиятӣ машғулиятҳои амалӣ мегузаронад ва  шаҳрвандонро бо қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии  сӯхтор шинос менамояд.

Ба суоли он, ки барои ба кор қабул кардани кормандон ба Хадамоти оташнишонӣ чӣ гуна талабот мавҷуданд, ӯ ҷавоб дод, ки «номзад бояд бар замми адои хизмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ, инчунин дар факултаи «Бехатарӣ аз сӯхтор»-и Академияи ВКД ҶТ таҳсил карда бошад. Пас аз он ки мо номзадро ба кор қабул мекунем, ӯ инчунин тӯли 3 моҳ дар қисми сӯхторнишонӣ такмили ихтисос намуда, дониши дар ин самт доштаашро мукаммалтар мекунад»,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ аз буҷети шаҳр ҳамасола техникаву таҷҳизоти муосир барои кормандон харида мешавад, ки он кори Хадамотро осон намуда, имкони пешгириву хомӯш намудани алангаи оташро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва сари вақт таъмин намудааст. Дар 5 соли охир Раёсат ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи он дар ноҳияҳои пойтахт иловатан дорои 35 техникаи оташнишонии соҳавӣ гардиданд. Инчунин 1 адад техникаи муосири оташнишонии дорои нардбони 60- метра зери тамғаи КАМАЗ АЛГ-60 барои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо дастури бевоситаи роҳбарияти шаҳр таъмин шудааст, ки он аввалин дар ҳудуди мамлакат мебошад. Ин техника барои хомӯш намудани оташ дар биноҳои баландошёна мувофиқ аст. Дар ин баробар шумораи зиёди воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ низ харида шудаанд, ки фаъолияти кормандони соҳа дар ин замина беҳтар гардидааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, моҳи сентябри соли равон харидории 2 нақлиёти оташнишонии дорои нардбони 50-метра дар назар дошта шудааст, ки туҳфаи хубест баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидан  ба фаъолияти кормандони Хадамот.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 қисми мустақили ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла 2 қисм дар ноҳияи Сино, 2 қисм дар ноҳияи Шоҳмансур ва 1 қисм дар ноҳияҳои Исмоили Сомониву Фирдавсӣ фаъолият доранд, ки тобеи Раёсати шаҳрӣ мебошанд. Дар Раёсати мазкур 382 корманд фаъолият доранд, ки аз онҳо 115 нафарашон афсарон ва 48 нафарашон бонувон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. Дастаи мазкур бо ташаббуси Фёдор Иванович Зайтсев созмон ёфта, аз 10 нафар сўхторнишон иборат буд. Барои хомўш намудани сўхтор оташнишонон ба воситаи аробаю асп ба ҷои ҳодиса рафта, хатарро бартараф менамуданд. Дастаи оташнишонон бо як адад насоси дастӣ, ду адад зарфи об ва 180 метр рўдаҳои сўхторхомўшкунӣ таҷҳизонида шуда буд. 6 июни соли 1930 аввалин мошини дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда, дастаҳои сӯхторнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод, Конибодом, Панҷ, Исфара ва Ӯротеппа таъсис ёфтанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 4, 2019 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?