АҲСАНТ! Филми коргардони тоҷик аз ҷашнвораи байналмилалӣ бо ҷоиза баргашт
ДУШАНБЕ, 02.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Филми бадеии «Тангно»-и коргардони ҷавону боистеъдоди тоҷик Муҳиддини Музаффар дар Кинофестивали 15-уми байналмилалии филмҳои мусалмонӣ дар шаҳри Қазон – пойтахти Тотористон сазовори ҷоизаи «Беҳтарин сенарияи филми пурраметраж» гардид. Маросими супоридани ҷоиза ба ин филм дар расми ихтитоми ин фестивал ду рӯз пеш баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз пойтахти Тотористон.
Дар Кинофестивали 15-уми байналмиллалии филмҳои мусалмонии Қазон – 2019 филмсозони 44 давлати дунё бо маҳсули дастранҷи худ ширкат намуданд ва Шоҳҷоизаи он насиби филми бадеии «Суруди дарахт»-и режиссёри қирғиз Айбек Дайирбеков шуд. «Тухм» ном филми бадеии режиссёри турк Семих Капланоглу ҷоизаи «Беҳтарин режиссёр» ва «Тангно»-и филмсозони тоҷик ҷоизаи «Беҳтарин сенария»-ро сазовор гардиданд. Ҷоизаи Президенти Тотористон «Барои тарғиби инсондӯстӣ дар санъати кино» ба офарандагони филми «Ҷустуҷӯи Фарида» (Эрон) тақдим гардид.
Аз номи роҳбарияти Тотористон ғолибони ҷашнвора ва ширкаткунандагони маросими ихтитоми онро муовини Сарвазири Тотористон, раиси Кумитаи тадорукоти ҷашнвора Лайло Фазлеева табрик намуд.
«Тангно» филми бадеии истеҳсоли Киностудияи давлатии «Суғдсинамо» буда, сенарияи (филмномаи) он аз рӯйи асари ҳамноми Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон аз ҷониби сенарянавис Бахтиёр Каримов офарнида шудааст.
Муҳоҷират, азоби занони танҳомондаи тоҷик, рӯзгори кӯдакони дур аз падар ва паёмадҳои ин раванди ҳамагонӣ муҳтавои филмро ташкил медиҳанд.
«Тангно» ягона филми «Суғдсинамо» набуда, қаблан ин киностудия филмҳои бадеии «Коса», «Паймон», «13 соли интизорӣ» ва «Вақте, ки сайёра ранг иваз мекунад»-ро таҳия кардааст, ки ҳар яке соҳиби ҷоизаҳои ватаниву хориҷӣ гардидаанд.
Коргардон Муҳиддини Музаффар яке аз чеҳраҳои ҷавон, аммо маъруфи кинову театри тоҷик аст, ки дар вилояти Суғд кору фаъолият мекунад. Ӯ ҳамагӣ 32 сол дошта, шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Муҳиддин қаблан саррежиссёри Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии шаҳри Конибодом буд ва дар ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Фарҳанги Осиёи Марказии боз-OrzuArtsFestival» дар шаҳри Лондон, ки аз 5 то 20 октябри соли 2016 баргузор гаридид, ба гирифтани 2 ҷоизаи ифтихорӣ — ҷоизаи «Коргардони беҳтарин» барои филми кӯтоҳи «Коса» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши Шоҳ Лир дар намоиши «Суди девонагон» мушарраф гаштааст.
Чанд рӯз пеш трактовкаи ӯ аз рӯйи асари «Мактаби кӯҳна»-и устод Садриддин Айнӣ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» сазовори ҷойи аввал гардид.
Муҳиддин Музаффар феълан директори Киностудияи давлатии «Суғдсинамо» мебошад.
ДАР АКСИ БОЛО: тамошобинони Қазон коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффарро табрик мекунанд.









«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






