Аҳтам Абдуллозода: «Ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд»

Май 10, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки ҷавонон қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнат ва кафили асосии оромии мамлакат буда, барои давлат  неру, захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд.

«Заминаи бисёр муҳими ин соҳаи иҷтимоии мамлакат қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 мебошад, ки  тамоми муносибатҳои мавҷударо дар иртибот ба ҷавонон танзим менамояд. Аз ҷониби Ҳукумат роҳандозӣ гардидани як зумра роҳҳои ҳавасмандгардонии ҷавонон, махсусан стипендияи президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва ба зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони  лаёқатманд аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад. Соли ҷавонон бори дигар  эҳтироми ҷавононро нисбат ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои соҳибватанӣ қавӣ гардонида, натиҷаҳои назаррас ба бор овард»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пас аз баргузории мулоқот мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин  баён намуд: «Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур бори дигар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар мамлакат мебошад.  Зеро тамоми он нуктаҳое, ки аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ирсол гардид, хеле таъсирбахш буд.   Мулоқоти мазкур мо, масъулини  соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар маҳал бори  дигар водор намуд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон  дар маҳал нигоҳи аввалиндараҷа дошта бошем ва дар баргузории чорабиниҳо ҷавонони тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирем».

-Баъд аз мулоқот назди худ нақшаҳои нав тарҳрезӣ менамоем, ки  минбаъд теъдоди зиёди ҷавонон, наврасон ва варзишгаронро  ба намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, илмию маърифатӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷалб намоем.  Тавре Сарвари давлат дар Паёми имсолаи навбатии хеш иброз доштанд: «Ҷавонон  номбардори миллат,  мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд»,- зикр намуд Амир Иброҳимзода.

Май 10, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд