ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар маркази маъмурии ВМКБ корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Май 12, 2019 10:52

ДУШАНБЕ, 12.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ авҷи тоза пайдо намудаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ибтикори Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати зебою назаррабо намудани кӯчаю хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангу фароғатии маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ корҳои шоиста ба сомон расонида мешаванд.

Дар ин рӯзҳо мутахассисони Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба васлу насби чарғакҳои раҳнамои аз кор бозмонда, рангу бор кардани гузаргоҳҳои пиёдагард, аломатҳои ишоратӣ ва хатҳои уфуқӣ машғул шуданд. Зеро аксар гузаргоҳҳои кӯчаю хиёбонҳо ва ҷодаҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Хоруғ бинобар сабаби боришоти аз меъёр зиёди барфи зимистони имсола хароб гардида, ба навсозӣ ниёзи бештар пайдо намудаанд.

Кормандони ҳамроҳ бо Муассисаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ба таври шабонарӯзӣ ба барқарор кардани аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои уфуқӣ камари ҳиммат бастанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ 21 хати уфуқии пиёдагузар аз нав барқарор гардида, 15 аломати дигари роҳ аз нав гузошта шуданд.

Май 12, 2019 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад