ҲАФТАИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО. Дар Душанбе ба ин муносибат ҳамоиш баргузор гардид

Май 7, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 14 майи соли равон Созмони Милали Муттаҳид дар саросари дунё Ҳафтаи бехатьарии ҳаракат дар роҳҳоро эълон намудааст.  Имрӯз дар Душанбе ба ин муносибат бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ   таҳти унвони «Бехатарӣ дар роҳҳо: мушкилот ва роҳҳи ҳалли он» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин аз ҷараёни баргузории ҳамоиш хабар медиҳад, дар он  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Камолзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Сатиш Мишра ва дигар сохторҳои дахлдор ширкат намуданд.

Миралӣ Камолзода иброз намуд, ки пешгирии осебҳо ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ ба қатори яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ қарордошта дохил шуда, бо ин мақсад дар кишвар дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 амалӣ гардида истодааст.  «Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ки осеббардорӣ ба қатори масъалаҳои танзимшаванда дохил гардида, дар ин самт дар як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри коҳиш додани ин раванд як зумра  чораҷӯиҳоро ба анҷом расонида истодаанд, ки дар ин раванд Тоҷикистон низ пайваста талош менамояд.  Дар натиҷаи рушди соҳаи роҳсозӣ, урбанизатсия, зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар кишвар мушкилиҳои зиёд дар ин масъала ҷой доранд. Дар самти пешгирии осебҳо, пеш аз ҳама, бояд ба баланд бардоштани маданияти баланди шаҳрвандӣ ноил гардем. Зеро мутаассифона, имрӯзҳо муносибати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфта, қисми муайяни аҳолӣ онро риоя намекунанд. Барои ислоҳи ин қонунвайронкуниҳо бояд дар байни аҳолӣ корҳои фахмондадиҳӣ бурда шаванд»,-мегӯяд ӯ.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 180 ҳазор осеби одамон ба қайд гирифта мешаванд, ки аз инҳо то 500 нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ мефавтанд ва 1,5 ҳазор нафар одамон маҷрӯҳ мешаванд.

Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба осебшиносӣ ва радодӣ, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба пешгирии осебҳо Абдувалӣ Раззоқов расонидани кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои садамаҳои нақлиётиро яке аз масъалаҳои мубрам арзёбӣ намуд. Ба гуфти ӯ, дар дунё ҳамасола бар асари садамаҳои роҳу нақлиёт 5 млн нафар осеб дида, 1,35 млн нафар мефавтанд. Одамон аз гирифторӣ ба касалиҳои дил метарсанд, лекин ягон шахс оид ба садаманокӣ фикр намекунад. Хар яки мо барои дигарон бояд намуна бошем, то маданияти шаҳрвандиро беҳтар намоем.  «Дар Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳист ва воситаҳои нақлиёт роҳи асосии кашонидани бор ва мусофирон мебошад, ин масъала хеле дар сатҳи ҷиддӣ ҷой дорад. Вазорати тандурустӣ масъалаи расонидани кумаки тиббии ҳангоми осебҳо, инчунин дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиётро ба қатори яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ворид кардааст. Ҳар як кишвар 4-5 самти асосии худро муайян мекунад, ки осебҳо дар қатори пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ин гурӯҳи афзалиятнок дохил мешавад. Мо бо кумаки Ҳукумати мамлакат тавонистем, ки то як дараҷае расонидани кумаки тиббӣ, пешгирии фавт, маъюбӣ ва осебҳоро дар Тоҷикистон коҳиш диҳем. Дар ҷумҳурӣ барномаи нав оид ба пешгирии осебҳо  дар кишвар дар солҳои 2010-2015 амалӣ шуд, ки дар натиҷа мақсадҳои барнома, ки беҳтар кардани таъминокии кишвар бо мутахассисон, ворид кардани  технологияи муосир ба шумор мерафт, пешравиҳо ба назар мерасанд»,-афзуд ӯ.

Бино ба иттилои бозраси калони шуъбаи техникии РБДА ВКД ҶТ Низом Салимов, диққати ҷиддӣ додани ТУТ ба ин масъала аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ҳамаҷониба тадбир андешида шавад. «Тайи 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 6790 садамаҳои роҳу нақлиёт ба амал омадаанд, ки бар асари он 2090 нафар ба ҳалокат расида, 7400 нафар осебҳои гуногун бардоштаанд. Дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфт. Хушбахтона, садаманокӣ дар пойтахти кишвар бо ворид кардани системаи шаҳри бехатар то 2 маротиба коҳиш ёфт, ки натиҷаи назаррас аст».

Низом Салимов чунин мешуморад, ки ҳоло агар дар ҷое таркиш, сӯхтор ва ё ҳодисаи сел ба амал ояд, мардум бо нигоҳи ҳайратовар нигариста, сару садоҳо баланд мекунанд, аммо дар ҳолати ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиёт чандон ҷиддӣ муносибат намекунанд. Ин ҳам дар суратест, ки дар натиҷаи садамаҳо низ одамон осебҳои ҷиддӣ бардошта, дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин сабаби нигаронист.

«Бояд тарбия ва риоя кардан қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз оила сарчашма гирад. Ва ҳар яки мо уҳдадору вазифадорем, то дар ин самт нақши худро баҳри баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ гузорем. Зеро ояндаи солим гарави пешравии ҷомеаву кишвар аст»,-зикр намуд ӯ.

Май 7, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд