ҲАФТАИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО. Одамон аз гирифторӣ ба касалиҳои дил метарсанд, вале касе оид ба садаманокӣ фикр намекунад

Май 13, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тайи даҳ соли охир дар роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 4499 нафар ба ҳалокат расида, 16 449 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷаҳон беш аз 1 млн нафар ба ҳалокат расида, 50 млн нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Сол то сол афзоиши ин шумора сабаби нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бехатарии ҳаракат дар роҳ яке аз проблемаҳои глобалӣ дар самти ҳаёти иҷтмоӣ, иқтисодӣ ва тандурустӣ ба шумор рафта, ҳамасола зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар бештари кишварҳои дунё роҳи ҳалли ин мушкилиро дучанд мушкилтар мегардонад. Маҳз дар ин гуна вазъият зарурат пеш омадааст, то дар ин самт роҳҳои ҳалли мавҷудаи коҳиши ин гуна ҳодисаҳои марговарро мавриди истифода қарор диҳем.

Дар ин робита аз 8 то 14 май ҳамасола Созмони Милали Муттаҳид дар саросари дунё Ҳафтаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро эълон намудааст. Ҳоло дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ин ҳафта идома ёфта, пагоҳ ҷамъбаст мегардад.

Бояд гуфт, ки бештари шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёте, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар натиҷаи омилҳое ба амал омадаанд, ки ба ҳамагон маълуманд ва онро дар айни замон метавон пешгирӣ ва чораҷӯӣ намуд. Аз ҷумла, баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард омилҳоеянд, ки дар сурати пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро бигирем ва бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем. Дар ин самт моро зарур аст, то танҳо ба донишҳои назариявӣ такя накарда, дар амал баҳри бартарафсозии ин мушкилӣ саъй намоем.

СММ баҳри бартарафсозӣ ва пешгирии ин мушкили ҳалталаби рӯз Барномаи «Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2011-2020»-ро қабул намудааст. Он метавонад то андозае барои  ҳалли проблемаи ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиёт мусоидат намояд.

Бардоштани осебҳои гуногун ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ яке аз масъалаҳои мубрами имрӯза ба шумор рафта, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамиддин  Камолзода дар ин бобат иброз намуд, ки пешгирии осебҳо ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ ба қатори яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ қарордошта дохил шуда, бо ин мақсад дар кишвар дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 амалӣ гардида истодааст.

«Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ки осеббардорӣ ба қатори масъалаҳои танзимшаванда дохил гардида, дар ин самт дар як зумра давлатҳои ҷаҳон баҳри коҳиш додани ин раванд  чораҷӯиҳоро ба анҷом расонида истодаанд, ки дар ин раванд Тоҷикистон низ пайваста талош менамояд.  Дар натиҷаи рушди соҳаи роҳсозӣ, урбанизатсия, зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар кишвар мушкилиҳои зиёд дар ин масъала ҷой доранд. Дар самти пешгирии осебҳо, пеш аз ҳама, бояд ба баланд бардоштани маданияти баланди шаҳрвандӣ ноил гардем. Зеро мутаассифона, имрӯзҳо муносибати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфта, қисми муайяни аҳолӣ онро риоя намекунанд. Барои ислоҳи ин қонунвайронкуниҳо бояд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шаванд»,-мегӯяд ӯ.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 180 ҳазор ҳолати осеби одамон ба қайд гирифта мешавад, ки аз инҳо то 500 нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ мефавтанд ва 1,5 ҳазор нафар одамон маҷрӯҳ мешаванд.

Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба осебшиносӣ ва радодӣ, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба пешгирии осебҳо Абдувалӣ Раззоқов расонидани кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои садамаҳои нақлиётиро яке аз масъалаҳои мубрам арзёбӣ намуд. Ба гуфти ӯ, дар дунё ҳамасола бар асари садамаҳои роҳу нақлиёт 5 млн нафар осеб дида, 1,35 млн нафар мефавтанд. Одамон аз гирифторӣ ба касалиҳои дил метарсанд, лекин ягон шахс оид ба садаманокӣ фикр намекунад. Ҳар яки мо барои дигарон бояд намуна бошем, то маданияти шаҳрвандиро беҳтар намоем.  «Дар Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳист ва воситаҳои нақлиёт роҳи асосии кашонидани бор ва мусофирон мебошанд, ин масъала хеле дар сатҳи ҷиддӣ ҷой дорад. Вазорати тандурустӣ масъалаи расонидани кумаки тиббиро ҳангоми осебҳо, инчунин дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қатори яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ворид кардааст. Ҳар як кишвар 4-5 самти асосии худро муайян мекунад, ки осебҳо дар қатори пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ин гурӯҳи афзалиятнок дохил мешаванд. Мо бо кумаки Ҳукумати мамлакат тавонистем то як дараҷа расонидани кумаки тиббӣ, пешгирии фавт, маъюбӣ ва осебҳоро дар Тоҷикистон коҳиш диҳем. Дар ҷумҳурӣ барномаи нав оид ба пешгирии осебҳо  дар кишвар дар солҳои 2010-2015 амалӣ шуд, ки дар натиҷа дар мақсадҳои барнома, ки беҳтар кардани таъминоти мамлакат бо мутахассисон, ворид кардани  технологияи муосир ба шумор мерафт, пешравиҳо ба назар мерасанд»,-афзуд ӯ.

Бино ба иттилои бозраси калони шуъбаи техникии РБДА ВКД ҶТ Низом Салимов, бештари садамаҳое, ки дар ҷумҳурӣ рух медиҳанд, аз ҷониби ҷавонон содир карда мешаванд. «Таҳлилҳои омории ҳар як садамаи нақлиётӣ нишон медиҳад, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ ва қоидавайронкуниҳо аз тарафи ҷавонони 30-35-сола ба қайд гирифта шудаанд. Тайи 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 6790 садамаҳои роҳу нақлиёт ба амал омадаанд, ки бар асари онҳо 2090 нафар ба ҳалокат расида, 7400 нафар осебҳои гуногун бардоштаанд. Соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфт. Хушбахтона, садаманокӣ дар пойтахти кишвар бо ворид кардани системаи «Шаҳри бехатар» то 2 маротиба коҳиш ёфт, ки ин натиҷаи назаррас аст».

Низом Салимов чунин мешуморад, ки ҳоло агар дар ҷое таркиш, сӯхтор ва ё ҳодисаи сел ба амал ояд, мардум бо нигоҳи ҳайратовар нигариста, сару садоҳо баланд мекунанд, аммо дар ҳолати ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиёт ба он чандон ҷиддӣ муносибат намекунанд. Ин ҳам дар суратест, ки дар натиҷаи садамаҳо одамон осебҳои ҷиддӣ бардошта, дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин мояи нигаронист.

«Бояд тарбия ва риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз оила сарчашма гирад. Ва ҳар яки мо уҳдадору вазифадорем, то дар ин самт нақши худро баҳри баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ гузорем. Зеро ояндаи солим гарави пешравии ҷомеаву давлат аст»,-зикр намуд ӯ.

Воқеан агар имрӯз ҳар як ронанда ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷиддӣ муносибат намояд, пиёдагардон низ дар баробари ронандагон қоидаҳоро  дуруст риоя намоянд, ба ҳодисаҳои нақлиётӣ ҳам дучор намешаванд ва ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо низ зарар намерасад.

Ба иттилои манбаъ, бештари садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар дар роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Душанбе то маркази вилояти Хатлон, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва самти минтақаи Рашт рух медиҳанд. «Ронандагон дар роҳҳои берун аз маҳалли аҳолинишин суръати нақлиётро зиёд менамоянд, ба сабқат мебароянд, баъдан аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар гардишҳо аз роҳ мебароянд. Ин ҳолат сабаби чаппашавии воситаҳои нақлиёт ва бархурд бо якдигар мегардад, ки дар бештари ҳолатҳо он ба хисороти ҷонӣ оварда мерасонад»,-мегӯяд ӯ.

Ронандагон ва пиёдагардони гиромӣ, мебояд бар он кӯшид, ки ҳамеша талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоем, то ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузорем!

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 13, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд