Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо» иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо», ки дар шаҳри Женеваи Швейсария баргузор гардида истодааст, иштирок дорад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс зиёда аз 3 ҳазору 500 намоянда аз 150 кишвари олам иштирок доранд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода шомил мебошад.
Дар расми ифтитоҳи Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо» Маҳмадтоир Зокирзода сухан гуфт.
Зикр шуд, ки ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи миллии ҳимояро, ки ширкати фаъолонаи қишрҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад, ташкил намуд.
Дар ҳошияи конфронс ҳайати Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо, сардори Намояндагии минтақавии бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва писари Шоҳзода Карим Оғохони IV — Шоҳзода Ҳусейн Оғохон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар самти коҳиши хатари офатҳо муҳокима намуданд.
«Дар мулоқот саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030 ва бахусус Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ то соли 2030 баланд арзёбӣ гардид. Инчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар масоили пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтаҳои табиӣ ва гузаронидани конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон баррасӣ шуданд», – илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба хатари офатҳо» 13 май дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз гардида, имрӯз, 17 май ба кори худ анҷом мебахшад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






