Аз рӯи натиҷаҳои конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он Эъломияи Душанбе қабул гардид

Май 17, 2019 19:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2019/АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз Тоҷикистон бори дигар ба маркази  чорабинии   муҳими сатҳи байналмилалӣ дар самти  таҳкими амният ва суботи минтақа  ва ҷаҳон, ҷустуҷӯи роҳҳои халли муштарак дар мубориза бар зидди  терроризми байналмилалӣ  ва маблағгузории он гардид». Чунин гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин бо натиҷагирӣ  аз кори  конфронси сатҳи баланд, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор шуд, зикр кард, ки конфронси сатҳи баланд, ки дар он беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё,   28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ,  вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мавқеи Тоҷикистон  дар самти таъмини субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон, вобаста ба авзои кишвари ҳамсоя-Афғонистон, муборизаи дастаҷаъмонаи давлатҳои ҷаҳон  бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан карда, кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории муштарак  ва самарабахш  даъват намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ ва дигар шарикони байналмилалӣ   дар сатҳи баланд гузаронида шуда, иштирокдорони он масоили мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавию  байналмилалиро дар самти  мубориза бо чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм ва манбаъҳои  маблағгузории он баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.  Ҳамоиш дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои вобаста ба  ҳамкории  байналмилалӣ ва минтакавии дар мубориза   бо гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир  ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ  ҷиҳати ҷилавгирӣ аз даромадҳои  бо роҳи ҷиноят ба даст омада, ки ба терроризм ва  ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ рабт оранд, матраҳ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки аз натиҷаи баргузории  конфронси сатҳи баланд, ки  дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  дар мавзӯи  «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» доир гардид, Эъломияи Душанбе қабул шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон  намояндагони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ — муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков, муовини  котиби кулли Итиҳоди Аврупо Педро Серрано, директори Марказ оид ба пешгирии муноқишаҳои котиботи САҲА Марсел Пешко ва дигарон иштирок намуда, миннатдории  худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани  конфронси сатҳи баланд иброз доштанд.

Май 17, 2019 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид