«БЕ СИТОРА НЕСТАМ…». Таҳти чунин унвон китоби нави Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ба нашр расид

Май 1, 2019 11:52

ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» китоби нави Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоиро зери унвони «Бе ситора нестам…» ба табъ расонд. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китоби мазкур аз назму наср иборат буда, дар боби аввали он «Ба ҷои сарсухан» пораҳое аз мукотиботи устод Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Усмон Назир, Ҳамроқул Шодиқулов оварда шудаанд.

Дар китоб шеърҳои нав, ҳикояву резаҳикоя, ёддошту хотираҳо, маводи адабию журналистӣ ва назмӣ доир ба шахсият ва эҷодиёти адиба гирд оварда шудаанд.

«Китоб аз он сабаб «Бе ситора нестам…» унвон гирифтааст, ки нахуст, ситораи ҳамноми шоира дар кайҳон –«Ахтари зулф» зери назар аст. Дуюм, муаллиф гуфтан мехоҳад, ки ман бо ситораам, яъне хушбахт ҳастам», — оварда шудааст дар оғози китоб.

Ёдрас мешавем, ки ба шарафи Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ба ситорае дар кайҳон  номи «Зулф» дода шудааст.

Ситораи мазкурро Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн – дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290¬_415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97 муайян намуда буд.

Бояд гуфт, ки Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума ва  интишор шудаанд.

Зулфия 15 июни соли 1954 дар деҳаи  Қалъаи Азими ноҳияи  Ғончӣ  дар хонаводаи  омўзгор  чашм  ба олами  ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи  забон ва адабиёти  Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз соле барои  таҳсил ба шаҳри  Москва рафт ва дар бахши назми Институти  адабии ба номи М. Горкий ба таҳсил оғоз намуд.

Соли 1977 баъди  хатми Институти  адабӣ ба шаҳри  Душанбе  омада, то соли 1983 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ( ҳоло «Ҷумҳурият») ба  рӯзноманигорӣ  машғул гашт.

Мавсуф аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи  «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирўза») ба ҳайси мудири шуъба, аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз  соли 1993 сардабири Муассисаи  давлатии маҷаллаи бонувон «Фирўза» буд.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  аст. Соли 2010 ба унвони Шоири халқии  Тоҷикистон  сазовор гардид.

Шоираи тоҷикро соли 2011 барои  саҳми  арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени  «Дили Данко» сазовор донистанд. Ӯ ҳамчунин узви ифтихории  Академияи  байналхалқии  фарҳанг, илм ва  тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст.

Зулфия Атоӣ дар сафи  аҳли  адабиёту фарҳанг ба кишварҳои   Покистон, Россия, Украина, Голландия, Германия, Гурҷистон, Амрико,  Қазоқистон,  Қирғизистону Туркманистон сафари эҷодӣ  анҷом додааст.

Зулфия Атоӣ барандаи  Ҷоизаи  Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Аълочии  маориф  ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Соли 2005 ба Ҷоизаи   Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шудааст.

Май 1, 2019 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид