«БИНОҲОИ ЗЕБО САР АФРОХТАНД…». Нахустин бор дар даврони Истиқлолият шоири тоҷик дар пайравии Фирдавсӣ достони «Шоҳнома» навишт

Май 21, 2019 13:22

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар пайравии Абулқосим Фирдавсӣ ва бо риояи услуби нигориши асари безаволи ӯ шоири садаи 21-и тоҷик Содиқи Кашрӯдӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон достоне бо номи «Шоҳнома» навиштааст. Дар достон ҳаводису рӯйдодҳои солҳои аввали истиқлолият, суханбозиву шиорпардозиҳои дурӯғини ҳизбҳову ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба сангарҳо ҷудо кардани миллати тоҷик тасвир шуда, баъдан муаллиф талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмин намудани сулҳу субот, роҳ гирифтан ба сӯи ободиву шукуфоиро дар асари худ тасвир менамояд. Ин асар ба мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкорӣ бахшида шуда,  арзиши гарон ва баҳои баланд доштани мафҳуми Ватанро ба хонанда бозгӯ  мекунад.

Азбаски мавзӯъҳои интихобкардаи муаллифи достон ҳамеша дар  осори адибони мо ва адабиёти ҷаҳон ҷои махсуси худро доранд имрӯз беш аз ҳарвақта  ба  масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтаанд, ин асари ибратангезро пешниҳоди хонандагон менамоем.

 

Ш О Ҳ Н О М А

Оғози достон
Ба номи Худои ҷаҳонофарин.
Худованди кавну маконофарин.

Худованди рӯҳу Худованди ҷон.
Худованди ҳар ошкору ниҳон.

Худованди донои Кайҳонфурӯз,
Тавонбахши шому шабу субҳу рӯз.

Худованди обу Худованди нон,
Худованди иқболу рӯзирасон.

Худованди Моҳу Худованди Меҳр,
Худованди гарданда гардонсипеҳр.

Худованди ройу Худованди дин,
Худованди фармону тоҷу нигин.

Худованди донандаи роздон,
Худованди собиту саййорагон.

Худованди хоку Худованди бод,
Худованди адлу Худованди дод.

Худованди неки баландошйон,
Хирадро набошад ба зоташ гумон.

Худованди дирузу имрузу пас,
Худованди паймону фарйодрас.

Худованди борону боди вазон,
Худованди бахшандаи меҳрабон.

Худованди гармиву оташфурӯз,
Худованди бар аҳраман кинатӯз.

Худованде олам ба фармони ӯст,
Сари сарфарозон ба чавгони ӯст.

Яке нома орам зи кори шаҳон,
Зи пайкори гурдону номоварон.

Зи Бӯбакру Уммар, зи дунёи дун,
Зи Усмону Ҳайдар, зи чархи забун.

Зи теғи Араб, аз равони Аҷам,
Зи кӯполу гурзу зи ҷавру ситам.

Зи марзу зи буми саросар хароб,
Зи шаҳру зи деҳи чу хоку туроб.

Зи донишу фарҳанги рафта ба бод,
Зи Зардушту аз кеши рафта зи йод.

Зи Тоҳири ҷангию чусту далер,
Ки ҳукмаш ба гетӣ напоид дер.

Ба йод орам даврони Саффорийон,
Ки чун буди тоҷик, дар аҳдашон.


Зи Сомонийон қисса хонам дароз,
Аз он қавми номовари сарфароз.

Зи ҷавру ҷафои қарохонийон,
Зи Маҳмуду аз ваҳшати нокасон.

Зи мардуми яғмову турку чигил,
Зи пастии чарханда чархи разил.

Зи Чингизи хунхору Темури ланг,
Зи куштору тороҷу пайкору ҷанг.

Кунам қисса аз Бобуру кори ӯ,
Зи Шайбонӣ, аз ҳилаҳои адӯ.

Сухан гӯям аз Лилину кори рус,
Ба ин мулку мардум бихонам фусус.

Зи бозсозӣ гӯям, зи даври рукуд,
Ҳам аз шӯру ғавғои чархи ануд.

Кунам қисса аз кору бори ҷаҳон,
Зи демократ, аз ройи озодагон.

Зи Маҳкам Қаҳору зи Раҳмон Набӣ,
Зи даврони бефитрати одамӣ.

Бихонам нав аз кори даври навин,
Зи ҷанги бародаркуш, аз ҷаҳлу кин.

Зи халқи парешону зору низор,
Зи пархошу марги ҳазорон — ҳазор.

Сухан гӯям зебою хуш чун баҳор,
Зи Эмомалӣ – он шаҳи тоҷдор.

Зи сулҳу салоҳу зи чархи барин,
Зи аҳволи мардум ба рӯи замин.

Ба йод орам Шаҳномаи пири Тӯс,
Ки фикраш зада бар фалак обнӯс.

Ба назм орам ин кору бори куҳан,
Ки донад ба гетӣ ҳаме марду зан.

Бимонад зи ман дар ҷаҳон йодгор,
Яке шоҳи нома, хати шоҳкор.

Ки ин нома хонанд ба ҳар анҷуман,
Бадин гӯянд аҳсан ба ман марду зан.

Ҳар он кас ки дорад хирад бегумон,
Ки бар ман кунад офарин дар ҷаҳон.

Дилам шод гардад аз ин кори хеш,
Ки кардам ба ҳам саргузашти пареш.

Ки Яздон кунад рост роҳи маро,
Биафрӯзад субҳу сабоҳи маро.

Чу Фирдавсӣ, он ардашери сухан,
Бимонам ҷавон дар ҷаҳони куҳан.

Ту ё Раб, дар ин кор дастам бигир,
Ба ҷуз ту набошад касам дастгир.


Сухан андар ситоиши Шоҳ
Эмомалӣ Раҳмон
Шаҳо, ҷонат поку дилат шод бод.
Зи ту дар ҷаҳон то абад йод бод.

Туро пиру барно ҳама банда бод.
Ки хасмат ба пешат сарафканда бод.

Замона туро парварад бегазанд.
Шавад душманат музтару мустаманд.

Туро бар кушоиш ҳаме роҳ бод.
Бадандеши ту дар таги чоҳ бод.

Дурахшон бодо маҳу ахтарат.
Ки тоҷи шаҳӣ то абад бар сарат.

Хушиҳои гетӣ ба коми ту бод,
Ҳама кори некӯ ба номи ту бод.

Шуд аз корат кишвар, чу хуррамбаҳор,
Зиҳӣ бар ту, эй номвар шаҳрийор.

Ба оину таърих бубахшиди ҷон,
Забонро забонат биафзуд тавон.

Зи ту ҷовид номи бузургон ба даҳр,
Ҳам обод роҳу пулу деҳу шаҳр.

Зи ту Қуръон бар тоҷикӣ рӯ намуд.
Ки аз маънӣ, маънӣ ба маънӣ фузуд.

Хирад кардӣ афзун ба Кохи хирад.
К- аз он то шавад баҳравар бехирад.

Хийобону гулгашту боғу чаман,
Бизад доман бар шаҳру деҳу даман.

Фузун бар фузун шуд ҳаме нозу нон,
Гулафшон шуд дунйои озодагон.

Чароғон шуд кишвар саросар зи барқ,
Аз он Тоҷикистон шуд Офтоби Шарқ.


Зи ту зинда шуд Меҳргону Сада,
Ҷаҳонӣ шуд Наврӯзи оташкада.

Ҳаме мардумат сарбаланд асту шод,
В-аз он шодӣ қалби туро шод бод.

Ба маҳфили ту мутрибу шоирон,
Ба рақс андар печида маҳпайкарон.

Ба маҷлисат ҷамъ гашта номоварон.
Ҳакимони ботадбиру кордон.

Сазовор ҳастӣ ба ҳар офарин,
Туро зебад ҳам тахту тоҷу нигин.

Ҷаҳон асту ҷон асту Ҷонофарин,
Надидаст чу ту кас шаҳе дар замин.

Туро тахту айвон ба Кайвон расад,
Ба ҷонат ҷон аз Оби ҳайвон расад.

Ки коратро суду самар моя бод,
Туро лутфи Яздон ҳаме доя бод.

Хирадманд Додор, ёри ту бод.
Мададгор дар кирду кори ту бод.

Нигаҳбон бошад тану ҷони ту,
Раво дорад уммеду армони ту.

Бизӣ дар ҷаҳон хурраму шоду хуш,
Набошад ба васфат забонҳо хамӯш.

Фузун бодат ҳам афсару молу ҷоҳ,
Ки имрӯзат хуш боду хуштар пагоҳ.

Зи ту некӣ монад ба олам нишон,
Чу тобанда Меҳру Маҳу ахтарон.

Бизӣ он сон, эй шоҳи фаррухнажод,
Ба гетӣ бимонад зи ту адлу дод.

Туро бахт ҳамвора пирӯз бод,
Ҷаҳонат хуш чун Рӯзи Наврӯз бод.

Ки пур бод аз лутфи Ҳақ ҷоми ту,
Накӯ бод оғозу анҷоми ту.

Манат гуфтам, ин маънии обдор,
Ки мардум, бихонад басе рӯзгор.

Баранд номат бар некӣ дар анҷуман,
Чунин бодат, то бод дайри куҳан.


Сухан андар ситоиши
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ
Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,
Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.

Ҳакиме буд номовару кордон,
Хирадманду донандаи бостон.

Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,
Навишт як сар пайкори даври куҳан.

Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,
Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.

Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,
Зи гурдону номоварони далер.

Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,
Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.

Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,
Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.

Зи Доробу Дорову Исфандийор,
Зи Искандару оташи корзор.

Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,
Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.

Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,
Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.

Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,
Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.

Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.
Руҳи рафтагонро бадин шод кард.

Ба Шаҳнома заҳмат кашид сол сӣ,
Аҷам зинда кард ӯ, бадин порсӣ.

Зи бигзашта бинвишт байт шаст ҳазор,
Бикард гетиро неку бад ошкор.

Ки бодаш сипосу зеҳу офарин,
Зи рӯи замин то ба чархи барин.

Ба некӣ зи ӯ дар ҷаҳон йод бод,
Ки арвоҳи покаш ҳаме шод бод.

Ҷаҳон то ҷаҳон бигзарад аз ҷаҳон,
Зи Фирдавсӣ монад ба гетӣ нишон.

Ки пур бод аз лутфи Ҳақ ҷоми ӯ,
Накӯ бод оғозу анҷоми ӯ.

Ба хокаш ҳаме раҳмати Ҳақ бод,
Мазорашро ҳаргиз газанде мабод.

Чу Маҳмуд нашнохт қадри варо,
Ки кард зиндагиаш пур аз моҷаро.

Накардӣ ба гетӣ ба ҷуз бад ба йод,
Зи Маҳмуди бадгавҳари баднажод.

Тани Маҳмуд ё Раб, ба оташ бисӯз,
Бад-ин руҳи Пири хирад барфурӯз.


Андар кори ҷаҳон

Ҷаҳон устувор аст, ба неку ба бад,
Ба тезиву тундӣ, ба дому ба дад.

Ба обу ба хоку ба боду ба нон,
Ба чаррандагону ба паррандагон.

Ба барқу ба нору ба нуру чароғ,
Ба ҷому маю соқию дарду доғ.

Ба қозиву дузду ба зиндону банд,
Ба молу манолу ба суду газанд.

Ба зӯрии гурдону кори шаҳон,
Ба гуфтори ҳушйору девонагон.

Ба рӯзу шабу ҳам ба шому саҳар,
Ба борону барфу ба абри гузар.

Ба Моҳу ба Хуршеду исторагон,
Ба гармову сармо, баҳору хазон.

Ба тӯфону гарду гаҳи хокбез,
Ба оину кешу дами растахез.

Ба сулҳу салоҳу ба ҷангу ҷадал,
Ба ғавғою афғону шӯру мағал.

Ба шебу фарозу ба хору ба хас,
Ба золиму мазлуму фарйодрас.

Ба моҳиву мӯру ба боғу чаман,
Ба булбулу тӯтӣ ба сарву суман.

Ба ҷондору беҷону саҳрову дашт,
Ба андӯҳу шодӣ, сару саргузашт.

Ба собиту саййораву мадду ҷазр,
Ба бахшишу доду ба пӯшишу назр.

Ба донишу донишвару бар ҳунар,
Ба деҳхону бар пешаву пешавар.

Ба дунйои бандиву озодагон,
Ба ину ба ону чунину чунон.

Ҳамину ҳамон аст, кори ҷаҳон,
Надонад кас ӯро айону ниҳон.

Худованд донад варо роҳу роз,
Зи бас розаш жарф асту роҳаш дароз.

Ту гар оқили кам ба кораш ситез,
Ва- гар меситезӣ, чу оташ матез.

Ба шӯру шари ин ҷаҳон награвад,
Касеро ба сар бошад ақлу хирад.


Сухан андар тохти бегонагон
Ба хоки Аҷам тохт карди араб,
Ҳамон дошии дур зи илму адаб.

Нахуст дод фармон Умар бар сипоҳ,
Кунад ҳоли ирониёнро табоҳ.

В-аз он пас ба кушту ба тороҷи халқ,
Басе кӯшид ин тудаи тан ба далқ.

Ба хорӣ кашид марзу буми Аҷам,
Ба ғорат бибурд сарвати мулки Ҷам.

Ки аз дасти он тӯдаи нобакор,
Шудан кушта марду зани бешумор.

Зади оташ бар наску нақли куҳан,
Ба шаҳру ба деҳи чу боғу чаман.

Басе карди тороҷу бурди ба худ,
Ки моли кас ин қавми Оду Самуд.

Ба ин чеҳру зоду ба ин хулқу хӯ,
Ки тахти кайон омадаш орзӯ.

Муҳаммад гар мебуди рӯи кор,
Араб бар Аҷам менакарди маҳор.

Ки ӯ рафтан бинмуд аз ин даҳр тез,
Умар шуд ба хоки Аҷам ҷангситез.

Ки борони нафрин биборад ба ӯ,
К-аз ӯ шуд пурхун ҳама дашту кӯ.

Ки ин дин буд аз баҳри он барбарон,
На аз баҳри ориву озодагон.

Ҷаҳони хатар омаду шӯру шар,
Ки бойад бикардаш зеру забар.

Чунин карди Чингизи бекешу дин,
Ҳамон деви хунхори маргофарин.

Ки аз ҷаври тозиву ғузу муғул,
Бишуд орийоӣ, чу пажмурда гул.

Бимонд порсу тоҷик ба даҳр башумор,
Зи бас кушта гашти ҳаме бешумор.

Ки даҳ дар сад мар порсу тоҷику курд,
Раҳид аз марг, ҷон бар саломат бибурд.

Дигар он ҳама зери чархи кабуд,
Ба дасти ин нобихрадон кушта шуд.

Ба гетӣ надид даҳшате кас чунин,
На дар руму сақлобу дар ҳинду чин.

Дареғу дареғ, орийони шариф,
Ки аз дасти ин ваҳшийони касиф.

Ки чашмтанг гаштанду кӯтоҳқад,
Ба хӯйю рӯ монанд ба ин қавми бад.

Гурӯҳе чу тозӣ шуданд тундхӯ,
Ки аз бад ба ҷуз бад ту некӣ маҷӯ.

Забон гашт олуда чун хору хас,
Чунон бар ширинӣ нишаста магас.

Ки полидан бас кори сахт аст кунун,
Чу печак ба гул печидаст кофу нун.

Аз он чи кард тозӣ ба оринажод,
Ва ҳам Чингизи баддину девзод.

Ҳама хӯи бад буду гуфтори бад,
Хама кори бад буду рафтори бад.

Самар з-ин ҳама ҷуз харобӣ намонд.
Ки бар онон соҳибхирад танз хонд.

Чу Рустам — он гурди Фаррухзод,
Ҳамон шери ҷангии Рустамнажод.

Чу ӯ ҳаргиз марде набуд зӯрманд,
Сари шери шарза кашиди ба банд.

Хурӯшон шуди гар ба сони паланг,
Сари саркашон овариди ба чанг.

Зи гурзаш ҳаме кӯҳ ларзон шудӣ,
Палангу пилу шер тарсон шудӣ.

Басе кард мардонагӣ дар набард,
Бишуд кораш нокора аз чангу гард.

Накард кора не гурзу не теғи ӯ,
Ба ӯ чира шуд, Саъди пархошҷӯ.

Шикаст омад з-он пас ба иронийон,
Асир гаштан бар дасти ин нокасон.

Ва Деваштич, он марди мардони мард.
Ялони дигар низ бикарди набард.

Ҳама яксар бечора гаштанду бас,
Надонист ҷустан ҳаме чора кас.

Накарданди таҳрири ин ғамфазо,
Ҳакимони ботадбиру порсо.

Ки ин коре карданд бегонагон,
На кофар кунад чун, на девонагон.

Намонд з-он пас, меҳру вафо дар ҷаҳон,
Ки шуд ошкоро баду хуб ниҳон.

Ҳама кажжу фисқу фуҷур рӯ гирифт,
Басе мардум, чун тозиён хӯ гирифт.

Гурӯҳе шуданд, чун муғул хунхор,
Гурӯҳи дигар раҳзану нобакор.

Аз ин тӯдаи хокии баднажод,
Дур аз рои неку дур аз адлу дод.

Падид омад андар ҷаҳон костӣ,
Харобию кажживу норостӣ.

Нагун гашти дунйои озодагон,
Ба дасти ин бедонишу бардагон.

Чу кишт тухми номардуми Аҳраман,
Ба хуну дили кудаку марду зан.

Ки аз хор, хор бирӯйад ба даҳр,
Ба ҷуз марг чизе наойад зи заҳр.

Агар инҳо кардандӣ созандагӣ,
Бикардандӣ пеши Худо бандагӣ.

Ҷаҳон будӣ озоду ободу хуш,
На ғорат будӣ, не набарду хурӯш.

Зи бад, бад бимонад самар дар ҷаҳон,
Чунин бошад дунйои оҳарманон.

Худованди рою замину замон,
Бадонро бисӯзад ба оташ равон.

Набудӣ бад гар чираву тоҷдор,
Ҷаҳон будӣ яксар, чу хуррамбаҳор.

Бикун неку ҳаргиз ба бад раҳ мапӯй,
Ба кас носазо то тавонӣ магӯй.

Бикӯш бар ситамкора йовар машав,
Гурез аз ӯ, дастйору чокар машав.

Зи кас монад меҳру муҳаббат нишон,
Зи нокас бимонад бадӣ дар ҷаҳон.

Касе дорад донишу мағзу хирад,
Ба неки гаройад, ба бад награвад.

Касеро, ки бошад ба сар ақлу ҳуш,
Забону даҳон дорад аз бад хамуш.

Зи баҳри наҷоти худу хони хеш,
Ба тозӣ ба ҳам шуд ду- се гандакеш.

Ки ин хоинони худобехабар,
Ба пеши араб сар хаму дум забар.

Бибурданди фармони тозӣ зи ҷон,
Гаҳе ошкоро, дигар гаҳ ниҳон.

Ва ҳам будӣ он хоинон бо муғул,
Ба қул-қулу тангиқулу ҳангиқул.

Зи кирдори ин нокасони лаъин,
Ки дурван шуд сардору болонишин.

Зи тоҷик рабуданди тоҷу нигин,
Туфу бар ту дунёи беадлу дин.

Ба ҳангоми даврону даври Қамар,
Ҷаҳон буд ҷаҳаннам саросар зи шар.

Ба гардиши гарданда чархи навин,
Ба фармони Яздони ҷонофарин.

Зи нав омад бар тоҷикон тоҷу тахт,
Насими хуши шавкату шону бахт.

Расид андак хоки Хуросон ба мо,
Дар он бинмуд тоҷик кишвар бино.

Ба ном Тоҷикистон, бишуд шӯҳравар,
Ва машҳуру маъруф дар ин баҳру бар.

Биноҳои зебо сар афрохтанд,
Ки дову дарахт мева андохтанд.

Ки деҳхонро шуд дону кишт борвар,
Ва дар пеш аст, ҳам пешаи пешавар.

Чароғон шуд яксар ҳама шаҳру деҳ,
Ба шодӣ бипечид ҳама кеҳу меҳ.

Чунин бошад дунйои бе пову сар,
Надонад кас ӯро на зеру забар.

Январ, 2014.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Содиқи Кашрудӣ 15 октябри соли 1960 дар деҳаи Чорбоғи Рустои Деҳхонободи вилояти Қашқадарё, дар хонаводаи марди руҳонӣ  Ашӯри Шоназар   зода шудааст.

Содиқи Кашрӯдӣ аз даврони ҷавонӣ ба хондани шеъру ғазал ва дигар жанрҳои назму насри форсу тоҷик рағбати калон пайдо намуда, хусусан бо ашъори пурбору нурбори шоирони классик, ба монанди устод Рӯдакии Самарқандӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Умари Хайёом, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Шайх Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири  Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ  ва дигарон аз наздик ошно аст.

Ҳанӯз вақти дар синфи 8 хонданаш дар озмуни ноҳиявӣ ширкат намуда, ҷои дуюмро ишғол кардааст. Дар  озмун дар мавзуи «Ту ки шудан мехоҳӣ?»   иншо навишта, изҳор намуда буд, ки  «ман прокурор мешавам».   Ва ба орзуи худ расид. Пас аз анҷоми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии   Тоҷикистон дар бисёр ниҳодҳои давлатӣ,  аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон  ифои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то соли 2014 дар маснади Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст. Соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи III дода шуд. Дорандаи медали «Хизмати шоиста» мебошад. Алҳол  дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маснади Мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро бар ӯҳда дорад.

Содиқи Кашрудӣ новобаста аз пуркории худ сарводаву чакома менависад, суруду тарона мехонад ва оҳанг эҷод мекунад ва мехонад. Чакидаҳои хомаи ӯ бо номи «Субҳи Содиқ», «Ғазалиёт», «Ашъори мунтахаб» ва «Нидои қарнҳо» дастраси ҳаводорони  адабиёт ва санъат  гаштаанд.

Китоби ӯ бо номи «Меҳргон» омодаи чоп аст.

Шоир дар авҷи кор аст ва умед аст, ки барои меҳану мардумаш беш аз пеш эҷод хоҳад кард.

 

 

Май 21, 2019 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»