ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ — ДАР МЕҲМОНИИ АМИТ «ХОВАР». Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 23, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ  23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил  мегардад. Ба ин хотир шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо яке аз паҳлавонони ҷавон ва машҳури  тоҷик  Хушқадам ХУСРАВОВ дар меҳмонии барномаи «Ҷаҳони варзиш» суҳбат орост.     

Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки  11-12 ноябри соли 2018 дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардид, медали тиллоро  ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон дар риштаи мазкур гардид. Ба ифтихори ин варзишгари тоҷик  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуда, суруди миллӣ садо дод. Хушқадам Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо мебошад. Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст оварда буд. Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар оғози сӯҳбат мехостам шуморо ба  Рӯзи ҷавонон ва дастовардҳои беназири варзишиатон, ки бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ ноил гардидед, табрик намоям. Хуб,   баҳри мо аз ҳамон лаҳзаҳои пурҳаяҷон ва шодиангез, яъне ҳамон лаҳзаҳое, ки Шуморо чемпиони ҷаҳон оид ба самбо эълон карданд, мегуфтед?

Хушқадам Хусравов: Ташаккури зиёд, орзуи ҳар варзишгар аст, ки дар намуди ҳамон варзише, ки тамрин мекунад, чемпиони ҷаҳон гардад. Ин на танҳо дастоварди ман, балки дастоварди кулли ҷавонони Тоҷикистон аст. Ман аз хурдӣ ба варзиш майли зиёд доштам, орзуи чемпиони ҷаҳон шуданро дар дил меарваридам. Барои ин сайъу кӯшиши зиёд низ мекардам. Хушбахтона, ба ман муяссар гардид соли 2018 дар дар шаҳри Бухарести давлати Руминия дар Чемпионати ҷаҳон иштирок кунам. Дар ин  чемпионат зиёда аз 83 давлати дунё иштирок доштанд ва   ман бо панҷ ҳарифи пурқувват аз давлатҳои гуногун сабқат намудам. Ҳарифи аввалини ман Рафелин Перез аз Доминикан буд, ки  ӯробо ҳисоби 10:1 мағлуб намудам. Дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев аз Булғория сабқат намуда, бар   ӯ  бо ҳисоби 10:0  дастболо шудам. Дар чорякфинал Генади Чиргадзеи Гурҷистониро бо ҳисоби 2:0, дар нимфинал Дмитро Левдошенкоро аз Украина бар ҳисоби 5:3 ва дар вохӯрии финалӣ варзишгари Россия Руслан Багдасарянро  бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, сазовори медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо гардидам.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз акнун машқу тамринҳо чӣ гуна ҷараён доранд ва мехостам аз лаҳзаҳои аввалини ба ин намуди варзиш рӯ оварданатон барои шунавандаҳои мо чанд маълумот медодед?

   Хушқадам Хусравов: Аз синни 6-солагӣ дар мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ таҳти  роҳбарии падарам, яъне Носир Хусравов ба машқ шурӯъ намудам ва соли 2007 аввалин бор дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, сазовори медали тилло гардидам. Аз соли 2007 инҷониб ба дастаи яккачини самбои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо роҳбарии мураббии Шоистаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Маҳаммадшариф Сулаймонов тамрин намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил шудам.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар ин намуди варзиш, яъне гӯштини миллӣ, дзюдо ва  самбо устодони Шумо киҳоянд ва имрӯзҳо аз  кадоме аз ин устодон нозукиҳои онро меомӯзед?   

Хушқадам Хусравов: Албатта чуноне, ки шоири бузург фармудааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Тавре ки гуфтам устоди аввалини ман падарам — Носир Хусравов мебошад ва баъдан, ки ман ба шаҳри Душанбе сафар кардам, зери  назорати  Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳаммадшариф Сулаймонов тамрин мекардам. Вақте ки устод ба нафақа баромад, ин заҳматҳоро устоди дигарам Давлатхӯҷа Раҳимов ба ӯҳда гирифт ва ман  то ҳол дар назди ӯ машқу тамрин  мекунам.

АМИТ «Ховар»: Тавре дар боло зикр кардем, аввалин маротиба ҷаҳонпаҳлавони тоҷик шодравон Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро оид ба самбо ба даст овард ва  дастоварди ӯро Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуд. Баъди як сол Шумо    дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардидед. Шояд акнун варзишгарони  зиёде мехоҳанд, ки мисли Шумо ба чунин муваффақияти бузург ноил гарданд. Ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед ва ба андешаи Шумо чӣ бояд кард то шумораи чунин чемпионҳо боз ҳам зиёд шавад?

 Хушқадам Хусравов: Ҳар як варзишгар, ки аз хурдсолӣ машқу тамрин менамояд, бояд дар назди худ нақшае, гузорад, ки ман бояд ба қуллаи баландтарини ҳамин касбам расам. Дуюм, барои варзишгар сарпарасти хуб лозим аст. Варзишгар набояд аз ягон ҷиҳат танқисӣ кашад. Ҳама вақт озод бошад, яъне ӯ  пайваста тамрин намояд, саҳару бегоҳ, вақте заҳмату меҳнат кашидӣ, албатта ба ҷое расида метавонӣ.

АМИТ «Ховар»: Дар оила ғайр аз шумо ва падаратон боз каси дигар низ ба варзиш машғул ҳаст ё не? Муносибати аҳли оила ба варзиш  чӣ гуна аст ва Шуморо чӣ тавр дастгирӣ мекунанд?

Хушқадам Хусравов: Ғайр аз ману падар амакам Ҳомид Хусравов низ дар риштаи варзиш Устоди Иттиҳоди Шуравӣ буданд ва ман   ба он ду нафар пайравӣ намудам.

АМИТ «Ховар»: Тавре, ки медонем Шумо дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ оид ба самбо иштирок мекардед, бори аввал 11 апрели соли 2015 дар мусобиқаи гӯштини дзюдо дар шаҳри  Душанбе  иштирок намуда, дар вазни 60 кило баъди пирӯзӣ бар панҷ ҳариф унвони  чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудед. Дар мавриди ин намуди гӯштин ва  ғолибиятҳоятон  чӣ гуфта метавонед?

Хушқадам Хусравов: Қаблан, аз рӯи гӯштини дзюдо дар байни  ҷавонон ду маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда будам. Аввалин бор соли 2014, дар вохӯрии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Наритаи  давлати Ҷопон зинаи дуюмро  соҳиб шудам. Азбаски як сол баъд Бозиҳои олимпӣ баргузор мешуданд,  хостам роҳхати  олимпӣ ба даст орам ва соли 2015 дар Чемпиони  Тоҷикистон ба ҳамаи ҳарифонам дастболо гашта, аз намуди гӯштини дзюдо Чемпиони Тоҷикистон гадидам. Инчунин дар Чемпионати Осиё иштирок намуда, аз варзишгари маъруфи қазоқистонӣ Илдос Симетов, ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ ва чемпиони ҷаҳон шикаст хӯрдам ва ба ман муяссар нашуд, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст орам. Кӯшиш менамоям, ки дар Бозиҳои олимпӣ низ иштирок  кунам.

АМИТ «Ховар»: Хотиррасон мешавем, ки Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гардидааст. Баъдан, Хушқадам моҳи ноябри соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон барпо гардид, дар вазни то 62 кг барои ҷойи дуюм бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Мехостем дар бораи ин музаффариятҳо, роҳи тайнамудаатон дар ин ҷода ва эҳсосе, ки  пас аз музаффариятҳо  шуморо фаро мегирифт,  қисса   кунед…  

Хушқадам Хусравов: Соли 2014 аввалин бор дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, медали тилло гирифта, ба бозиҳои Осиёву ҷаҳон роҳхат гирифтам. Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё багузор гардид,  дар он ҷо ба ҳамаи ҳарифонам дастболо шудам. Аз ҳама ҳарифи пурқувватам  Давлат Ҳамроевро, ки аз Ӯбекистон буд,  мағлуб намудам. Дар вохӯрии ниманиҳоӣ  чемпиони ҷаҳон Эсет Куановро ҳам ба тариқи 10:2 мағлуб карда, чемпиони Осиё шудам.

Маротибаи панҷум дар Чемпионати ҷаҳон ҳам бо чор ҳарифи парқувват баромад намуда, соли 2014 ҳарифи аввалинамро аз Непал, рақиби дуюм Ҷопон, ҳарифи сеюм аз Озарбойҷон ва ҳарифи чорум аз Қазоқистон буд, ки онҳоро мағлуб намуда, дар Чемпионати ҷаҳон ғолиб омадам. Дар вохӯрии ниҳоӣ бо варзишгари  Булғория рақобат намудам. Дар ин ҷо каме аз ноадолатии доварон ҳам гӯем, хато намекунем. Он замон  қуввасанҷӣ бо ҳисоби  1:2  поён ёфт ва ман натавонистам медали тиллоро ба даст орам. Аз ин рӯ, ба гирифтани медали нуқра ноил гардидам. Аз ин дилшикаста нашуда, пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд  ҳатман ба марҳилаи Чемпиони ҷаҳон  ноил шавам!

АМИТ «Ховар»: Шумо ҳамчунин дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Анатолий Харлампиев дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар вазни 62 кило бар рақибонатон пирӯз омада, соҳиби медали тилло гардидед, баъдан дар даври Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко медали нуқраро  ба даст овардед.  Чӣ гуна ба ин мусобиқа роҳ ёфта,  ғолибият ба даст овардед?

Хушқадам Хусравов:  Аввали моҳи феврали соли 2015 дар шаҳри Мински Белоруссия марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳон баргузор гардид, ки  дар онҷо ба вохӯрии ниҳоӣ баромадам ва бо варзишгари Беларуссия Иван Анискевс сабқат намудам ва бо ҳисоби 4:1 мағлуб шудам. Моҳи апрели ҳамон сол дар Ҷоми олии ҷаҳон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо чор ҳарифи пурқуввати худ сабқат намудам. Дар он ҳарифи ниманиҳоӣ Иван Анискевсро, ки дар шаҳри Мински Белоруссия маро мағлуб намуда буд, шикаст хӯрд.  Ин навбат тавонистам бо ҳисоби 6:1  бар ӯ зафар ёбам ва ба вохӯрии ниҳоӣ бароям. Ҳарифи ниҳоӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон чемпиони ҷаҳон буд, ки ӯро бо ҳисоби 6:3 мағлуб карда,   Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардам.

Мусоҳиб
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзишии АМИТ «Ховар»

 

 

Май 23, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд