Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Май 7, 2019 09:18

ДУШАНБЕ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Низоми муосири худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣамалӣ  баргузор гардид.

Дар конфронс  сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Буриев, намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Назаров, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Меҳмондӯстов, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Мансурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Баҳодур Раззоқов иштирок  намуданд.

Ректори  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ рушд кардааст. Дар  ҳамин раванд роҳбарияти олии сиёсии кишвар таҷдиду такмили пай дар пайи низоми идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти давлатдории миллии муосир қарор додааст.

«Маҳз дар ҳамин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли  Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2019 — 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда,  таъкид намуданд, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалӣ намудани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мебошад»,-  афзуд Ректори Донишкада.

Намояндаи  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Назаров зикр намуд, ки нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза хеле муҳим буда,  диққати бештари ходимони давлатӣ, олимони соҳа ва намояндагони ҷомеаи маҳаллиро ба худ ҷалб намудааст.

Бино ба зикри номбурда, воқеан ҳам дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷорӣ гардидани принсипҳои ҷомеаи демократӣ ба он оварда мерасонад, ки давлат тадриҷан ҳокимиятро бар дӯши халқ вогузор менамояд. Чунин муносибат заминаи асосии инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҳама гуна давлат мебошад, ки таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро кайҳо собит намудааст.

Ба гуфтаи профессори  кафедраи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Баҳодур Раззоқов, имрӯз худидоракунии маҳаллӣ ба сифати яке аз захираҳои пурарзиш дар бартараф намудани тамоюлҳои номусоиди иҷтимоӣ- иқтисодии маҳал мусоидат намуда, яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад. Аммо иҷро шудани чунин вазифаҳо дар шароити муосири рушди худидоракунии маҳаллӣ бо сабаби имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ ва молиявӣ ғайриимкон гаштааст.

Ҳадаф  аз баргузор намудани конфронс дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мебошад.

Май 7, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард