Дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

Май 22, 2019 21:01

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20-22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 46-уми Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар он ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин роҳбарияти Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур мушкилоти мубрами мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони ҷаласа ба шарикон оид ба мушкилоти миллии мубориза бар зидди терроризм маълумот дода, доир ба ташкили муқовимат бо терроризм табодули таҷриба ва роҳҳои ҳаллро пешниҳод карданд. Аз ҷумла, Директори ФСБ (Хадамоти федералии амниятӣ)-и Россия Александр Бортников, ки раисии  Шӯроро ба зимма дошд, таъкид намуд, ки ҳамгироии хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ «имкон дод, ки давоми сол ҳашт ячейкаи террористӣ ошкор ва беш аз 100 аъзои онҳо дастгир гарданд». А.Бортников ҳамчунин зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории хадамоти махсуси ИДМ табодули пайвастаи маълумоти оперативӣ мебошад. Маълумоти дастрасгардида махзани байналмилалии маълумот оид ба муқовимат бо терроризм, махзани махсусгардонидаи маълумоти Маркази зиддитеррористии ИДМ ва дигар низомҳои маълумотии мавриди истифодаи коллективиро пурра месозад. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки вазъияти баамаломада «такмили мунтазами амалҳои муштаракро дар самти мубориза бар зидди терроризм, бо дарназардошти тадбирҳои пешгирикунанда тақозо мекунад».

Аъзои Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои  иштирокдори  ИДМ дар самти андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҷустуҷўи байналамилалии ҷинояткороне, ки дар амалҳои  террористиву экстремистӣ даст доранд, ҳамчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои хадамотҳои махсус барои роҳандозии амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз интиқоли ҷангиён-террористон дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд. Зимни ҷаласа масоили амнияти иттиоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ва пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои интернетӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ ҳамчунин масоили пешгирии истифодаи роҳҳои муҳоҷират бо мақсадҳои террористӣ, муқовимат бо маблағгузории терроризм, аз ҷумла ҳисоби маблағҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардиданд. Дар баробари ин, фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Кумитаи техникии махзани маълумоти муттаҳиди мақомоти амният ва хадамоти махсуси ИДМ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки терроризм дорои хусусияти ҷаҳонию байналмилалӣ буда, ба шароити муосир мутобиқ мешавад, шакл ва усулҳои фаъолияти худро тағйир медиҳад, фазои истифодаро барои расидан ба пешрафти илмиву техникӣ, аз ҷумла васоити коммуникатсия тавсеа мебахшад ва хусусияти мукаммалтар касб мекунад. Дар робита ба ин, иштирокдорони ҷаласа доир ба ҳамоҳангии талошҳо ҷиҳати татбиқ ва тақвияти маҷмӯи тадбирҳои аз байн бурдани ин хатар изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Намояндагони ҳайатҳо доир ба зарурати андешидани талошҳои муштарак дар самти пешгирии роҳҳои маблағгузории терроризм, аз ҷумла манбаи асосии маблағгузории он – тиҷорати маводи мухаддир, ки ба неруи дорои иқтидори бузурги молиявӣ ва техникӣ мубаддал гаштааст ва ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад, ҳамфикр буданд. Ҳамчунин мавзӯи истифодаи роҳҳои муҳоҷират барои ҷалб ва интиқоли ҷангиён ба кишварҳои сеюм ва баръакс матраҳ гардид.

Иштирокдорони ҷаласа якдилона зикр карданд, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккил мавқеи устувор дорад. Барои баргузории ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми  шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда буд, ки ба муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома мусоидат намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа як зумра санадҳо оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамгироии шарикӣ ва муттаҳид намудани талошҳои умумии хадамотҳои махсуси ИДМ дар самти муқовимат бо таҳдидҳои воқеии амният ба имзо расиданд.

Маркази матбуоти КДАМ ҶТ

Май 22, 2019 21:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода