Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир гардид

Май 24, 2019 16:03

ДУШАНБЕ, 24.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аст, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур  баргузор гардид.

Дар он  роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳур, ки аъзои Шӯро мебошанд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, бахши хусусӣ, инчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амаволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  масъалаи ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид намудани рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаҳои истеҳсолӣ мансубанд ва ҳисоботи омориро оид ба истеҳсолот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор месупоранд, дар меҳвари  ҷаласаи  мазкур  қарор дошт.

«Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи аз феҳристи қайдгардида хориҷ намудани субъектҳое, ки дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо фаъолияти худро ба самтҳои хизматрасониву савдо, ё ин ки фаъолияти худро пурра ё муваққатан қатъ намудаанд, баррасӣ гардид,-афзуд манбаъ.

 

Май 24, 2019 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид