Дар Душанбе Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон муаррифӣ гардид

Май 8, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  доир ба муаррифии «Барномаи  миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ҳамоиш барпо гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фаъолияте, ки нисбат ба ҷавонон амалӣ карда мешавад, маҷмӯан дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» нақшабандӣ карда шудааст. Барномаи мазкур аз 1 марти соли 2019  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, 10 самти афзалиятнокро дар самти ҷавонон дар бар мегирад.

«Барои иҷрои  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»  аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои 3 сол 8 миллиону 757 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, боқимонда  маблағ аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил дода мешавад. Дар ин замина вобаста ба таъмин ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва тақвияти фаъолияти Кумита бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созанда дар самти кор бо ҷавонон таъсиси гурӯҳи кориро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд дар шароити имрӯза метавон  муҳим арзёбӣ намуд. Зеро таҳлилҳо ва ташаббусҳои созандаи ташкилотҳои байналмилалӣ низ собит менамоянд, ки дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои гуногун дар самти кор бо ҷавонон  амалӣ карда мешаванд»,-гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ба иловаи номбурда, соҳаҳои афзалиятноки барнома дар асоси сиёсати давлатии ҷавонон   бо дарназардошти ҳадафҳои Стратегии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муқаррар мегарданд. Соҳаҳои афзалиятноки Барнома ба Ҳадафҳои Рушди Устувор алоқамандии бевосита дошта, татбиқи фаъолиятҳо дар доираи он ба амалигардонии ин ҳадафҳои глобалӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Муовини сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Ал-Аззавӣ иброз намуд, ки  Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аҳолии хеле ҷавон дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, «насли ҷавон- ин ояндаи Тоҷикистон аст». Ҳоло синни ҷавонон аз 14 то 30 муайян шуда, 30 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ моро  зарур аст, ки маблағгузориии асосиро ба ҷавонон равона кунем, то онҳо тавонанд ба дастовардҳои гуногун ноил гарданд. ЮНИСЕФ кумаки худро барои татбиқи  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»  ирсол мекунад. Зеро дар барномаи мазкур афзалиятҳои асосӣ ба рушди иҷтимоии ҷавонон равона шудааст.

«Бояд гуфт, ки яке аз афзалиятҳои иштироки ҷавонон шуғл ва дастрасии онҳо ба таҳсилот мебошад. Бо дарназардошти тамоюли глобалӣ бо боварӣ метавон гуфт, ки такмил додани маҳоратҳо  дар асри 21 барои наврасон имкон медиҳад, ки рушди шахсии худро ба роҳ монанд. Аз ин рӯ  ба мо зарур аст, ки диққати асосиро ба онҳо равона кунем ва  фаъолиятҳои худро   бо сохторҳои далдор ҳамоҳанг намуда, камбудиҳои дар ин ҷода ҷойдоштаро бартараф намоем»,- зикр намуд  Зайнаб Ал-Аззавӣ.

Ба андешаи роҳбари  бахши кор бо наврасон ва ҷавонони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Хушбахт Тоҷиев,    ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур- ин муаррифӣ намудани барномаи миллӣ ва масъалаҳои рушди наврасон ва ҷавонон дар Тоҷикистон мебошад.

«Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар сатҳи глобалӣ бештар таваҷҷуҳ ба даҳаи дуввуми ҳаёти кӯдакон мекунад. Зеро он давраи муҳим, давраи гузариш ва рушди инсон аст.  Аз ин лиҳоз  мебояд ба онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд, то тавонанд имрӯзу фардои Тоҷикистонро обод намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин ҳамоишҳо баҳри рушди наврасон ва ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд ва минбаъд дар ин самт  ҳамкориро мустаҳкам менамоянд»,- гуфт роҳбари  бахши кор бо наврасон ва ҷавонони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.

Май 8, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон