Дар Душанбе масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи ҷониби Чин таъсис ёфтаанд, баррасӣ гардиданд

Май 24, 2019 16:46

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилӣ ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин  таъсис ёфтаанд» машварати омӯзишӣ  баргузор гардид. Дар кори  он  намояндагон аз Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои ҷониби Хитой ва намояндагони як зумра  вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар»  аз шуъбаи робита бо ВАО-и Кумитаи  андоз  хабар доданд.  Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз вобаста ба масъалаҳои зерин, аз ҷумла,  дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ, муҳосибӣ, риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, забони давлатӣ, баррасии мушкилии  ҷойдошта марбут ба масъалаҳои андозбандӣ, маъмурикунонии андозҳо ва сиёсати андоз дар фаъолияти корхонаву ташкилотҳое, ки бо сармояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин  таъсис дода шудаанд, гузоришҳо пешниҳод гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокдорони машварат ба низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ ва муҳосибӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ҷалб карда шуд.

Ҳозирин  доир ба масъалаҳои баррасишаванда   пешниҳодҳои муфид  намуда, аз намояндагони Кумитаи андоз ба суолҳои хеш посухҳои қаноатмандкунанда гирифтанд.

Инчунин дар машварати омӯзишӣ  аз ҷониби кормандони Кумитаи андоз хизматрасониҳои нави электронии мақомоти андоз намоиш дода шуд.

 

Май 24, 2019 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид