Дар Душанбе табобати бемории сили кӯдакона муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи «Барҳам додани даври беморӣ: Муайянсозӣ, парасторӣ ва табобати кӯдакони гирифтори бемории сили ба дорувориҳо устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббии «Духтурон бидуни марз» дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он дар сатҳи байналмилалӣ нашр намудани ҳисобот оид ба табобати бемории сили кӯдакона дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Тавре иштирокчиён зикр намуданд, ҳамкории якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Духтурони бидуни марз нишон додааст, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон имконияти ташхис ва табобати ҳатто мушкилтарин шаклҳои бемории сил имконпазир мебошад. Тавассути дурандешӣ, ташаббускорӣ ва фаъолона дарёфт намудани кӯдаконе, ки эҳтимол гирифтори бемории сил бошанд, мо метавонем ин бемориро аз байн барем. Бештар аз он, тавассути муносибати дурандешона ва ташаббускорона нисбат ба табобату нигоҳубини кӯдакон мо метавонем даври гузариши бемориро барҳам диҳем ва хатари бузургеро, ки ба саломатии аҳли ҷомеа таҳдид мекунад, камтар намоем.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бемории сил яке аз бемориҳои сироятии аз ҳама марговартарин дар олам мебошад. Соли 2017 дар тамоми олам қариб 10 миллион нафар одамон ба бемории сил гирифтор шудаанд, ки дар натиҷа 1,6 миллион нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Шакли ба доруҳо устуворбудаи бемории сил хатари боз ҳам марговартареро ба бор меорад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо 55 фоизи беморони гирифтори шакли бемории сили ба доруҳои сершумор устувор ба таври муваффақ табобат карда шудаанд. Илова бар ин, бемории сил метавонад ба қишри аз хама осебпазири ҷомеъа сахттар таъсири манфӣ расонад: соли 2017 дар саросари олам 1 миллион нафар кӯдакон ба бемории сил мубтало гаштанд ва 230 000 нафар кӯдакон аз ин беморӣ фавтиданд.
Зикр карда шуд, ки бемории сил табобатшаванда аст. Тавассути ташхис ва табобати саривақтӣ мо метавонем бемории силро аз байн барем.
Ба хотири бартараф кардани ин мушкилот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббии «Духтурон бидуни марз» дар якҷоягӣ намуди табобатиеро кор карда баровардаанд, ки махсус барои табобати кӯдакон нигаронида шудааст ва самаранок будани он низ исбот шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






